ХАБАРҲО

2018-06-19: СТАНДАРТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. УСУЛИ САМАРАНОК ДАР НИЗОМИ ИДОРАИ ДАВЛАТӢ

Дар шароити афзоиши талабот нисбат ба иҷрои кору хизматрасонӣ истифодаи усулҳои самаранок роҳи асосии мукаммалгардонии низоми идоракунии давлатӣ маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2017 такмили низоми идоракунии давлатӣ ва сифати хизматрасониҳои давлатиро маҳаки асосии ислоҳоти иқтисодӣ муайян намуданд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки такмили низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат самти муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Такмили низоми идоракунии давлатӣ ва қонеъгардонии талаботи афзояндаи мардум ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Барои такмил додани низом ва қонеъгардонии талабот таҷрибаи хизматрасониҳои босифати байналмилалӣ, ки дурустии онҳо исботу эътироф гардидааст, мавриди омӯзишу таҳлили доимӣ ва ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Мутобиқ ба таҳлили муқоисавии таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфта (Австралия, Олмон, Испания, Италия, Португалия, Русия, Хитой, Швейтсария, ИМА ва ғайра) дар раванди такмили низоми идоракунии давлатӣ ва беҳтарсозии сифати хизматрасонии давлатӣ ҳамчун маҳаки заминавии сиёсати давлатӣ ба инобат гирифтани  стандартҳои дар соҳаи идоракунӣ амалкунанда дуруст ва муҳим мебошад.
Айни ҳол дар арсаи байналмилалӣ дар раванди рушди истеҳсолот ва иҷрои кору хизматрасонӣ низоми идоракунии сифат - силсилаи стандартҳои Ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартизатсия (ISO) ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Мақсади ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар мақомоти давлатӣ такмили низоми идоракунии давлатӣ ва сифати хизматрасонии давлатӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сифати кор ва қонеъ намудани талаботи истифодабарандагони хизматрасониҳо нигаронда шудааст. 
Силсилаи стандарти байналмилалии ISO 9000  дар ҷаҳон усули озмуда, эътирофшуда ва самараноки идоракунии сифат маҳсуб ёфта, дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ (марказӣ, маҳаллӣ) самаранок истифода бурда мешавад. Силсилаи стандарти байналмилалии ISO 9000 дастовардҳои мақомотро дар самти идоракунии сифат инъикос ва талаботро барои идоракунии фаъолияти муассисаву ташкилот дар соҳаи сифат муайян мекунад. Он низоми идоракунии сифатии ташкилот мебошад, ки равандҳои муштарак, кадрҳои баландихтисос, фаъолияти ташкилӣ ва технологӣ, нақшаҳо ва ҳуҷҷатҳоро ҳамоҳанг менамояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон самти асосии татбиқи талаботи стандартҳо (назири Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013 – 2015) маҳз дар корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ҷорӣ гардидааст.
Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл, иҷрои кор ва хизматрасонӣ объектҳои стандартонӣ қарор гирифта метавонанд. Яъне стандартонӣ куллан хосси молу маҳсулот ё ҷараёни коркарди он набуда, балки дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ низ ба таври васеъ истифода бурдани онҳо тақозои замон аст.
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти байналмилалии ISO 9001 дар фаъолияти  дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе босамар истифода мешавад. Дар ҳақиқат, иҷрои талаботи стандарти мазкур барои ба даст овардани натиҷаҳои интизории кор таъсири калони мусбат мерасонад, дар як муддати кӯтоҳ ба беҳтар кардани самтҳои гуногуни фаъолияти шаҳрдорӣ мусоидат менамояд ва метавонад барои пайдоиши ташаббусҳои нав ҷиҳати рушди устувор заминаи мустаҳкам гузорад. Мониторинги қаноатмандии шаҳрвандон ҳамчун гирандагони хизматрасониҳои давлатӣ, таъсис додани низоме, ки қобилияти рушд ва тағйирёбиро дорад, амалӣ намудани принсипи низоми кушод, фаҳмо ва шаффоф дар рушди фарҳанги шаҳрдорӣ талаботи асосии ин стандарт мебошанд. Яъне ҷорӣ намудани талаботи стандарти байналмилалии ISO 9001 дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад талаботи истифодабарандагони хизматрасониҳои давлатиро сифатнок таъмин намояд.