ХАБАРҲО

 

18 август дар бинои Агентии Тољикстандарт љаласаи Шўрои њамоњангсозӣ оид ба назорати сифат, бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ бо иштироки аъзоёни Шўро аз њисоби вазорату идорањои дахлдор доир гардид. Раиси Шўро – директори Агентии Тољикстандарт Ибодулло Ќурбониён љаласаро ифтитоњ намуда, аз љумла таъкид дошт, ки Шўрои навбатї бо маќсади таќвият додани њамоњангсозии фаъолияти маќомотњо даъват гардида, ба амалӣ намудани њадафњои стратегии Њукумати Тољикистон ва дар ин замина сањм гузоштан ба рушди љомеа ва некўањволии мардуми мамлакат нигаронида шудааст.

Дар љаласа масъалањои ворид намудани таѓйиру иловањо ба Низомномаи Шўро, њамчунин муњокимаи фаъолияти якљояи маќомоти назоратї, тартиби фаъолияти минбаъдаи Шўро, тањияи наќшаи корї барои солњои 2017-2018 ва бо назардошти фаъолияти муштараки маќомот, дастгирии истењсолот ва раќобатпазирии мањсулоти ватанї, рушди содирот ва пешгирии воридоти мањсулоти пастсифату ба саломатї хатарнок мавриди муњокима ќарор дода шуданд.

-“ Яке аз омилҳои кам кардани таъсири бӯҳрон ба иқтисоди миллии мо ва вусъат бахшидан ба рушди он муташаккилӣ, ҳамкориву дастгирии байниҳамдигарии ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Имрўз дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маводи босифат танҳо вазифаи як мақомот набуда, он ҳамкории мустаҳкам ва мунтазами сохторҳои марбутаро тақозо мекунад ва дар ин робита Агентии Тољикстандарт омода аст, ки ба ҳамаи вазорату идораҳо ва ба ҳар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон инчунин ба соҳибкорони инфиродӣ ҳамкории зич дошта, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ташкили истеҳсолот, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ мусоидат намояд.

Мову шумо бояд на танҳо рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакати худро дар сатҳи устувор нигоҳ дорем, балки бо эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлату давлатдории миллати куҳанбунёдамон ва бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда дар пешрафту ободии Тоҷикистони азизро, сањми арзанда гузорем”,- тазаккур дод, дар охир, Раиси Шўро –Ибодулло Ќурбониён.

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...