ХАБАРҲО

2018-06-14: Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Бо иштироки масъулони  маќомоти иљроияи хоќимияти давлатии шањри Душанбе ва масъулини Агентии Тољикстандарт дар шањри Душанбе боз як майдончаи варзишї ва макони бозии кўдакон  расман ба истифода дода шуд. Ин макони сарсабзу зебогардонида њамчун тўњфае дар арафаи иди саиди фитр барои сокинон ва фарзандони онњо таќдим гардид. Ин иншооти замонавиро Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф оид ба сохтмони майдончаи варзишӣ воқеъ дар кӯчаи Борбад, назди биноҳои истиқоматии 82, 84 ва 86-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо ба итмом  расонида, мавриди истифода ќарор дод .

Боиси хушнудист, ки бунёди иншооти муњими  варзишї ва бозии кӯдакону наврасон ва ҷавонон  шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Иқдоми мазкур  ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш заминањои устувор фароњам меорад ва дар ташаккули љисмию маънавии насли наврас наќши назаррас мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки масоҳати умумии иншооти мазкур 5284 метри мураббаъ  буда, он аз  майдончаи варзишӣ (бозии волейбол, баскетбол ва футбол), майдончаи бозии кӯдакон ва таваќќуфгоњ иборат аст. Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони иншоот муддати се моҳ давом карда, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади таъмини шароити мусоид бањри сайру гашт ва истироҳати сокинон шањраки 62-и шањри Душанбе  дар се ќисмати иншооти варзишӣ се адад айвонча (беседка) аз конструксияҳои оҳанин насб карда шуда, дар масоҳати 2825 метри мураббаъ сабзазор,  зиёда аз 9000 гулҳои рангоранги мавсими ва 88 адад ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шудааст. Дар ҳудуди майдонча 21 адад чароғаки равшанидиҳанда ва 7 адад камераи назортӣ насб гардида, 16 то нишастгоњи замонавӣ гузошта шудааст. Ҳамзамон роҳравҳои ҳудуди майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона дар масоҳати 1045 метри мураббаъ сангфарши ранга (мозайка) карда шуда,  дар масофаи 302,5 метр новаҳои обгузари бетонӣ насб гардидааст. Фарши майдончаи варзишї бо 540 метри мураббаъ резин пўшонида шудааст. Дар ќисми берунии атрофии майдонча бо масоњати 347 метри мураббаъ тунука васл гардида, гирди иншоот дар масоњати 358,6 метр  бо панљарањо ињота карда  шудааст. 

Бояд зикр намуд, ки дар канори майдончаи варзишӣ дар  масоҳати 519,4 метри мураббаъ таваққуфгоҳ сохта шуда, атрофи он бо панҷараҳои оҳанин иҳота гардидааст. Майдончаи мазкур бо ҷиҳози варзишӣ ва асбобҳои бозии бачагона муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Њамзамон, дар доираи корҳои ободонӣ намои (фасади) се бинои истиқоматӣ, ки дар назди майдончаи варзишӣ воқеъ мебошанд, рангубор карда шуд.

Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакону наврасон ба талаботи стандарти давлатӣ ва қоидаҳои меъёрии сохтмон (ҚМС) чавобгӯ буда, дар таҳияи лоиҳа ва пешбурди корҳои сохтмонӣ хулосаҳои зарурии Хадамоти назорати давлатии сохтмон, сарраёсати меъморї ва шањрсозӣ, КВД “Обу корези шаҳри Душанбе”, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар мақомоти дахлдор ба назар гирифта шудааст.

Агентии Тоҷикстандарт минбаъд низ дар доираи дастуру супоришњои Њукумати Љумњури Тољикистон ба корњои ободониву созандагии пойтахти кишвар-шањри Душанбе сањми арзанда мегузорад ва иншооти мазкурро бахшида ба 21 солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ба унвони армуғон ба сокинони ин маҳал ҳадя менамояд.