ХАБАРҲО

2018-06-07: Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї»

  Имсол бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумї бо маќсади муаррифии мањсулоти ватанї аз љониби Агентии Тољикстандарт озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома дорад.

Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:

-дастгирии ташаббусҳои минтақавӣ ва мутаҳидкунии мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки фаъолияти онҳо баҳри баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонӣ равона гардидааст;

-кумак барои таъмин намудани бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ;

-ташкил намудани замина ва ҳамкории васеъ барои ҷорӣ кардани усулҳои замонавии роҳбарӣ ва таъмини сифат дар асоси стандартҳои миллию байналхалқӣ барои ба даст овардани муваффақиятҳо дар соҳаи сифат;

-таъмини риояи талаботи бехатарии маҳсулот, ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист, сарфакории нерӯи барқ ва захираҳои табиӣ;

-дастгирии истеҳсолкунандагони ватание, ки маҳсулоти рақобатпазир ва хизматрасонии муносиб пешкаш менамоянд.

Дар ташкил намудани озмун вазорату идораҳои зерин, дар доираи ваколатҳои худ саҳм мегиранд: Вазорати саноат ва технологияњои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуќавории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Агентии Тоҷикстандарт, мақомотҳои иҷроияи Ҳукуматҳои вилоятию шаҳрӣ, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна.

Иштирокчиёни озмун, шахсони ҳуқуқии шакли моликияташон гуногун ва соҳибкорони инфиродие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, молҳои саноатӣ барои аҳолӣ, маснуоти ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию-техникӣ (ғайр аз яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ) инчунин ҳаргуна хизматрасонӣ машғуланд, шуда метавонанд.

Озмун аз рӯи номгӯи зерин гузаронида мешавад:

-маҳсулоти озуқаворӣ;

-маҳсулоти саноатӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ;

-маҳсулоти таъиноти истеҳсолию-техникӣ;

-хизматрасонии хӯроки умумӣ;

-меҳмонхонаҳо,

-хизматрасонии сайёҳӣ;

-Хизматрасонии таъмири воситаи наќлиёт

Маҳсулот ва хизматрасонии ба озмун пешбарӣ кардашуда бо назардошти тасдиқи босуботии сифати онҳо дар давраи на камтар аз як сол қабул карда мешавад.

Озмун дар ду давр баргузор мегардад. Дар даври аввал озмунҳои вилояти (минтақави)-и маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин гузаронида шуда маҳсулот-хизматрасонӣ-финалист барои пешниҳод намудан ба озмуни ҷумҳуриявӣ муайян карда мешавад. Комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар асоси маводҳои аз тарафи комиссияҳои вилояти (минтақави)-и озмун пешниҳодшуда хулосаи худро ба Ҳакамот пешкаш менамояд. Ҳакамот дар асоси ин ҳуҷҷатҳо қарор дар бораи лауреатҳо ва дипломантони озмун аз рӯйи ҳар як номгӯ қабул менамояд .

Озмунҳои вилоятӣ (минтақавӣ) дар ҳамаи вилоятҳо, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Комиссияҳои вилояти(минтақави)-и озмуни беҳтарин маҳсулот ва хизматрасонии минтақаро муайян карда ба онҳо мақоми финалист муқаррар менамояд. Маводҳои финалистони озмун ба комиссияи ҷумҳуриявии озмун пешниҳод карда мешаванд.

Дар даври дуюми озмун Ҳакамот таъсис карда мешавад. Ба Ҳайати ҳакамот, роҳбарияти вазорату мақомотҳои ҷумҳуриявӣ ва Ҳукумати шаҳри Душанбе бо мувофиқа, дар баргузории озмун дохил карда мешаванд.

Аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар асоси хулосаҳои мумайизон ва дигар маводҳои аз тарафи комиссияҳои вилояти (минтақави)-и озмун пешниҳодшуда дар давоми ду рӯз тамиз ва баҳодиҳӣ гузаронида шуда ҳуҷҷатҳо барои ҷамъбасти ниҳоӣ ба Ҳакамот пешкаш карда мешаванд.

 Ҳакамот хулосаҳои комиссияи ҷумҳуриявиро дида баромада оиди ба финалистон додани унвонҳои лауреат ва дипломанти озмун қарор қабул менамояд. Инчунин рӯйхати лауреатҳо ва дипломантони озмун аз рӯйи ҳар як номгӯ аз ҷониби Ҳакамот тасдиқ карда мешавад.

Бо мақсади ба ҷомеа шиносонидани беҳтарин маҳсулот ва хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ, маълумотҳо дар бораи молҳо ва хизматрасониҳо, ғолибон ва истеҳсолкунандагони он дар маҷаллаи «Стандарт ва сифат» ва дигар ВАО ба табъ расонида мешаванд.

Ташкилотҳое, ки маҳсулот ва хизматрасониашон лауреати озмун гардидааст:                                                                                                                

-бо ҷоизаҳо ва дипломҳои озмун мукофотонида мешаванд;

-ҳуқуқи сабти нишонаи озмун дар маҳсулот ва бандубасти он, инчунин ҳуқуқи истифодаи он дар ҳуҷҷатҳо ва маводҳои рекламавӣ дар давоми ду сол пас аз гирифтани унвон дода мешавад;

Ба ташкилотҳое, ки маҳсулот ва хизматрасониашон  дипломанти озмун гардидааст дипломҳои озмун дода мешавад.

Ба финалистони озмун шаҳодатномаҳои шакли муқаррарардида дода мешаванд.

Иттилоот оиди лауреатҳо ва дипломантҳои озмун дар маҷаллаи «Стандарт ва сифат» ва дигар ВАО ҷойгир карда мешавад.

Дар ҳолати аз тарафи мақомотҳои ваколатдори назорати сифат муайян кардани номутобиқати маҳсулот ва хизматрасонӣ ба талаботи муқарраргардида, ташкилоте, ки маҳсулот ва хизматрасонӣ- ғолиби озмунро истеҳсол менамояд, аз ҳуқуқи истифодабарии нишонаи озмун маҳрум мегардад.

 Аъзоёни комиссияҳои озмун мутахассисон (мумайизон)-е мебошанд, ки онҳоро Вазорати саноат ва технологияњои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуќавории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Тоҷикстандарт, марказҳои минтақавии Тоҷикстандарт, мақомотҳои  иҷроияи Ҳукуматҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна  пешбарӣ менамоянд.

Бартарияти озмуни имсола аз озмунњои пешина дар он мебошад, ки бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» ва бо дастгирии роњбарияти Агентии Тољикстандарт корхонањои ватание, ки ба њунарњои мардумї машѓуланд аз њаќи пардохт озод мебошанд ва дигар иштирокчиёни озмун танњо дар даври якум њаќќи ташкилиро пардохт менамояд, ки дар озмунњои пешина таъминоти молиявии озмун аз ҷониби иштирокчиёни он дар ду давр ба роҳ монда мешуд. 

Айни њол ба котиботи озмун 483 корхонањои ватанї бо 528 дархост (номгўи мањсулот ва хизматрасонї) барои иштирок намудан дар озмуни мазкур мурољиат намудаанд, ки ин назар ба њамин давраи озмуни гузашта дида 281 корхона зиёд мебошад. Ин аз он шањодат медињад, ки корхонањои ватанї рўз аз рўз сифати мањсулоти худро баланд бардошта истодаанд.  Аз љумла:

-шањри Душанбе ва ноњияњои тобеъи марказ 308 корхона;

-вилояти Хатлон 73 корхона;

-вилояти Суѓд 88    -//-;

-вилояти МКБ 14    -//-.

Агар ин шумораи корхонањои ватанї ва миќдори дархостњои пешнињодшударо оид ба иштирок дар озмуни мазкур бо номгўи мањсулот ва хизматрасонї таќсим намоем пас:                       

Маълумот оид ба иштироки субъектњои хољагидор дар озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарин дар Љумњурии Тољикистон»

р/т

Номгўи пешнињодшуда ба озмун (номинатсия)

ш. Душанбе ва НТМ

 вилояти Хатлон

 вилояти Суѓд

 вилояти МКБ

Њамагї

Субъекти хољагидор (шумораи корхона ё ташкилот)

Миќдори дархостњои пешнињодшуда (шумораи мањсулот ё хизматрасонї)

Субъекти хољагидор (шумораи корхона ё ташкилот)

Миќдори дархостњои пешнињодшуда (шумораи мањсулот ё хизматрасонї)

Субъекти хољагидор (шумораи корхона ё ташкилот)

Миќдори дархостњои пешнињодшуда (шумораи мањсулот ё хизматрасонї)

Субъекти хољагидор (шумораи корхона ё ташкилот)

Миќдори дархостњои пешнињодшуда (шумораи мањсулот ё хизматрасонї)

Субъек-ти хољаги-дор

Миќдори дархост-њои пешнињодшуда

1

Мањсулоти хўрокворї

93

110

21

21

24

28

-

-

138

      159

2

Мањсулоти таъиноти техникї

72

78

-

-

6

7

-

-

78

85

3

Мањсулоти њунарњои мардумї

16

17

17

17

25

25

2

2

60

61

4

Мањсулоти саноатї

56

68

14

14

11

15

-

-

81

97

5

Хизматрасонии хўроки умумї

41

41

13

13

9

9

8

8

71

71

6

Хизматрасонии мењмонхонањо

9

9

4

4

11

11

4

4

28

28

7

Хизматрасонии сайёҳӣ

10

10

-

-

2

2

-

-

12

12

8

Хизматрасонии таъмири воситаи наќлиёт

11

11

4

4

-

-

-

-

15

15

 

Њамагї

308

344

73

73

88

97

14

14

483

528

 

 Абдурањмонзода Абдулвосид, роњбари котиботи озмун