ХАБАРҲО

2018-06-07: Њазар, аз бозичањои пастсифат!

Дар њар як хонаводае, ки тифл аст он хонаро бе бозичањо тасаввур кардан номумкин аст. Хоњишу завќи тифлро нисбат ба бозича ягон падару модар рад карда наметавонад. Бешубња фарзанд  барои волидон њамеша азиз аст ва дар њама маврид барои њаёти хушу хуррами фарзандон падару модар њама њастии худро мебахшанд. Ташвировар он аст, ки дар ваќти хариди бозичањо волидон танњо ба намуду шакли  он, ки ширкатњои истењсолкунанда дар замони муосир хеле моњирона бозичањоро љолибу дилкаш месозанд таваљљуњ мекунанду бас.

 Тањлилу санљишњои нозирони Агентии Тољикстандарт дар тули танњо 9 моњи охири соли равон нишон дод, ки дар бозори дохилии мамлакат теъдоди зиёди бозичањои бесифату ѓайристандартї дар фурўш ќарор дорад. Маълум гардидааст, ки асосан ин гуна бозичањои ба талаботи стандарт љавобгу набуда аз хориљи кишвар хусусан Љумњурии Мардумии Чин ба таври ќочоќ ворид карда шуда, дорои сертификати мутобиќати стандарт нестанд. Чунин амали номатлуб аз љониби нафароне анљом дода мешавад, ки нисбат ба солимии фарзандон андешае њатто надоранд ва танњо манфиати худро таъмин месозанд. Ташхисњои озмоишгоњ собит сохт, ки ќисми зиёди бозичањо барои солимии кўдакон зарари љиддї доранд. Маводи пластикие бозичањо аз он сохта шудаст, хеле чарсу зудшикананда аст. Дар њолати бозї кардан хеле зуд шикастани он аз эњтимол дур нест ва он метавонад ба бадани нозуки кўдак халида барояш зарари љисмонї расонад. Аз љониби дигар зуд – зуд шикастану нобуд шудани бозичањо ба вазъи молиявии хонаводагї низ зарар меорад.

Бо назардошти ин масъала ва то кадом андоза ташвишовар будани он барои миллат нозирони Агентии Тољикстандарт дар бозору фурўшгоњњои пойтахт бо намояндагони маќомоти дахлдор санљиши муштарак гузаронида ба миќдори зиёда аз 20 000 адад намуди бозичаро, ки ќатъиян љавобгўи стандарт нестанд аз фурўш берун карданд. Маълум мегардад ки нисбат ба тандурустии  насли наврас, ки њаёти солими њар кўдак  љомеаи солим аст, барои бархе умуман ањамият надорад. Бо маќсади пешгирї кардани харидорї ва њимояи саломатии кўдакону наврасон тавассути воситањои ахбори омма як ќатор хабару гузориш, барномаву маќолањои манфиатбахш тањия карда шуд, то сокинони мамлакат њангоми харидории бозичањо барои љигарбандони худ эњтиёткор бошанд. Њар нафар њангоми харид њуќуќ дорад, ки сертификати мутобиќати сифатро аз фурўшанда талаб намояд ва боварибахш будани мањсулотро муайян созад. Мутаассифона чунин нафарон дар миёни ањоли кам ба назар мерасад, ки сабабгори афзоиш ёфтани мањсулоти пастсифат дар бозори дохилї мегардад. Яъне истеъмолкунанда яке аз иштирокчиёни асосии таъмини сифати њама гуна молу мањсулот аст. Тайи солњои охир истењсоли бозичањои бесифату хатарнок дар аксар кишварњои пешрафтаи олам низ ташвишовар гардидааст. Борњо теъдоди зиёди бозичањоро аз муомилот бароварда фурўшашро манъ кардаанд. Ин раванд ба кишвари мо низ бетаъсир намонд. Дар тули соњибистиќлолии мамлакат барои фаъолиятро дар самтњои гуногуни истењсолот ба роњ гузоштан барои соњибкорони ватанї имкониятњои арзишманде аз љониби давлату Њукумати мамлакат фароњам оварда шудааст, аммо то имрўз корхонае барои истењсоли бозичањо бунёд нагаштааст. Мушкилоти мављуда бояд соњибкорони ватаниро бетараф нагузорад. Агар дар дохили мамалакат чунин корхонањо пайваста бунёд гардад манфиат аз мањсулот дучанд, солимии фарзандони миллат њифзу дар амон ва рушди иќтисодиёти Тољикистон таъмин хоњад буд. Соњибкорони ватанї воќеан њам дар ин муддат мувафаќќиятњои арзандаро сазовор гаштанд. Агар ќиёс кунем ва ба гузаштаи начандон дур назар афканем дар оѓози соњибистиќлолии кишвар мушкилот дучанд буд, аммо њамаи он паси сар гардид ва љодањои касногузор тай карда шуд. Бо гузашти ваќт мушкилоти зиёде бартараф гардид ва барои шурўъ кардани фаъолияти соњибкорї имкониятњои пешрафта, омўзиш, баланд бардоштани савияи касбияту дониш, таљрибаомўзї дар давлатњои мутараќќии олам ва дигар шароити муњим пеш омад. Пас истифода кардани чунин имкониятњо танњо ба манфиат асту сањмгузорї дар ободиву рушди иќтисодиёти Тољикистон.