ХАБАРҲО
2018-06-01: Машварат идроку њушёрї дињад
Дар дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт дар мавзўи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар њомили суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар мулоќот бо намояндагони љомеаи кишвар,12 майи соли 2018 баён гардида буданд бо муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќї Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои фалсафа - Муњиба Мањмадљонова вохўрї доир гардид
Сараввал Вализода Икромиддин Сирољиддин - муовини директори Агентии Тољикстандарт ташрифи мењмонро ба дасгтоњи марказии Агентии Тољикстандарт хайрамаќдам гуфта бо арзи сипосу эњтиром суханро ба мењмони даъватшуда дод.
Сипас Мањмадљонова Муњиба баромад намуда изњор дошт, ки мо имрўз дар њошияи њомили муњтавои суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар мулоќот бо намояндагони љомеаи кишвар 12 майи соли 2018 баён гардида буданд, љамъ омадаем. Ў изњори андеша намуд, ки Пешвои миллат дар вохурии навбатиашон њама нишастагонро бо фарорасии моњи шарифи Рамазон табрик гуфта, диќќати њамагонро ба масъалањои мубрами рўз терроризм ва экстремизм, шомилшавии љавонон ба њаракатњои тундрав, љалб намудаанд. Љаноби Олї дар суханрониашон ду масъалаи муњимро мавриди муњокима ќарор доданд, ки якумаш ин вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ) ва дигараш хатарњои терроризм экстремизм, ифротгарої мебошад. Тањлилњои коршиносон нишон доданд, ки ин ду омил хатари асосї буда, ин муборизаи давлатњои абарќудратњо бар кишварњои навбунёд мебошад. Пас, ин њама амалњо натиљаи кирдори одамон мебошанд, яъне дар саргањи ин њама беназмињо бесаводї, сатњи пасти маърифат ва њатто љањолати худи инсон ќарор дорад. Ин њаќиќатро барои он бояд гуфт, ки мо набояд ба ин равандњо бетарафона ва хунукназарона назар кунем. Љаноби Олї дар суханрониашон роњњои пешгирї аз ифротгарої ин муносибати дуруст ба арзишњои маънавї ва эътиќодї дар пањнои манфиатњои умумидавлатї, гарави тањкими вањдати миллї ва суботу оромии љомеаро гуфта гузаштанд.
Мањмадљонова М. ибрози аќида намуд, ки вазъияти љањони имрўза низоъњои солњои охир, танњо дар давраи љанги Сурия 12 њазор нафар кўдак ба њалокат расида, шумараи муњољирони дохилї ба 7 миллиону 600 њазор нафар расидааст. Дар маљмуъ, дар љанги Сурия то имрўз 460 њазор нафар кушта шудааст. Њамзамон Љаноби Олї дар суханронии худ иброз доштанд, ки имрўзњо дар 40 нуќтаи олам муноќишањои мусаллањона идома доранд, ки дар онњо таќрибан 30 давлати абарќудрати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд. Ѓайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё таќрибан 70 миллион нафар одамон, бинобар нооромии вазъият ва амалњои террористї, манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд.
Њамзамон мавсуф ќайд намуд, ки љавонон кишри осебпазиранд, мо бояд аз рафти таълиму тарбияи фарзандонамон огањ бошем, ки онњо бо ки дустї доранд ва ба чї корњо машѓуланд. Њамаваќт онњоро ба роњи рост њидоят намоем, ки бањри ободии Ватану Давлати хеш сањми худро гузоранд. Гурўњњои террористї – экстремистї ба тариќи шабакањои иљтимої ва интернетї торњои худро пањн намуда, љавононро ба худ љалб менамоянд. Пеш аз њам мо бояд зиракии сиёсиамонро аз даст надињем.











