ХАБАРҲО

2018-06-01: Тадбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ин суръатёбии раванди зӯроварии ифротгароӣ ва тундгароии ба терроризмбаранда дар тамоми дунё мебошад, ки тайи ду даҳсолаи охир ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ҷони даҳҳо ҳазор инсонҳоро рабуда, кишварҳои як замон орому шукуфонро ба харобазор табдил додааст ва ин мушкилӣ тамоми мардуми сайёраро нигарон кардааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксар вақт ин раванд дар зери шиору арзишҳо ва эътиқодҳои дурӯғину  бебунёд сурат мегирад ва ифротгароён номи дини мубини исломро барои амали намудани ҳадафҳои нопоки худ истифода бурда, бештар ҷавононро аз минтақаҳои гуногуни дунё ба доми худ мекашанд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.

Баҳри пешгирии таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллат ва муқовимат ба он дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти №776 “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” қабул гардид, ки ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии кишвари моро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Стратегияи мазкур аз муқаддима ва ду боб иборат буда, оид ба самтҳои афзалиятноки муқовимат ба экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, ташаккули андешаи миллӣ, огоҳонии ноболиғон ва ҷавонон аз хатари он, пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ ва тундгороӣ дар байни ко рмандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, муассисаҳои ислоҳӣ, такмили чораҳои таъқиб ва ҷавобгарӣ барои амалҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҳадафҳо, марҳилаҳо ва механизмҳои амалишавии онро дар бар мегирад.

Ҳадафҳои амалишавии “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ташаккул ва ҷори намудани меъёрҳо ва механизмҳои пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм ҷиҳати таъмини рушди босуботи давлат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоият дар ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм боз ҳам пурзур намуда, тавассути роҳандози намудани низоми таъсирбахши механизмҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва мафкуравии муқовимат бо ин падидаи номатлуб ба паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ дар қишрҳои гуногуни ҷомеа мамониат карда метавонанд.

 

Маҳкамбой Каримов сардори дафтари

матбуоти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд