ХАБАРҲО

2018-05-24: 23- МАЙ РӯЗИ ҶАВОНОН

Агар ба таърихи замони соҳибистиқлолии кишвар назар андозем, дастгирии фаъолияти ҷавонон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон қарор дорад.

Моҳияти ин самти сиёсатро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон чунин тавзеҳ дода буданд: “Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмуъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсади он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо–ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”.

Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Агентии Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он нисбати фаъолияти мутахассисони ҷавон, такмили ихтисос ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва минбаъд низ ин сиёсат амалї карда мешавад.

Њамаи Шуморо ба муносибати Рўзи љавонон табрик гуфта, орзу дорем, ки Шумо љавонон ҳамчун зодаи замони истиқлолият ва ҳамчун хизматчии давлатӣ њамеша саъю талош намоед, ки бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона, барои амнияти давлат, ободиву пешрафти Ватани азиз, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватан, татбиқи талаботи қонунҳо ва регламентҳои техникӣ бо ҳисси баланди миллӣ, афкору андешаи созанда ва зиракии сиёсӣ содиқона кору фаъолият намоед.

Роњбарият

Кумитаи иттифоќи касаба

Раёсати “Њайати љавонон”-и Агентии Тољикстандарт