ХАБАРҲО

2018-05-24: “ТАРОЗУЊОИ НАЗОРАТЇ” ДАР ХИЗМАТИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Бо маќсади њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон  тариќи истифодаи тарозу њангоми  харидории  мањсулоти ѓизої    роњбарияти Агентї дар якљоягї бо мутахассисони Раёсати таъминоти метрологии воситањои  ченак дар бозорњои шањри Душанбе мониторинг гузаронида, маълум намуданд, ки дар аксар бозорњо талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишї” ва стандарти  Љумњурии Тољикистон СТ ЉТ 1066-2005 “Хизматрасонї дар бозорњо” љињати  дар љойњои муайяни бозор гузоштани “Тарозуњои назоратї” риоя  намегардадад.

Барои  њарчї  зудтар рафъ намудани масъалаи мазкур ва ба тартиб даровардани   истифодабарии “Тарозуњои назоратї” дар  арафаи моњи  шарифи Рамазон, бо роњбарону масъулони бозорњо корњои  фањмондадињї гузаронида шуд ва дар натиља масъалаи мазкур то њадди лозимї њалли худро пайдо намуд.     

Айни замон дар растањои њама бозорњои   љумњурї, аз он љумла шањри Душанбе аз 1 то 4 адад  тарозуњои  аз санљиши мутобиќати давлатї  гузаронидашуда насб карда шуда, дар болои онњо навиштаљоти “Тарозуњои назоратї” овезон карда шудааст ва акнун њар як харидор метавонад њангоми шубња пайдо намудан ба миќдори мањсулоти  ѓизоии харидорикардааш, аз ин воситањои ченак озодона истифода барад.