ХАБАРҲО

2018-05-22: Вохӯрӣ бо донишӯён

Оиди пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз тарафи гурӯҳи чорум  ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” санаи 16.05.2018. соати 13-00 дар Донишкадаи соҳибкори ва хизмат вохӯрӣ бо донишҷуён гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ бо донишҷуён, сараввал  Ғуломзода Ҳ.Р. баромад намуда (дар шакли перезентатсия) қайд намуд, ки ҳадафи Агентӣ ин пеш аз ҳама ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда мебошад ва дар ин замина сомонаи Агентӣ дар шакли нав фаъол шудааст, ки  шаҳрвандон метавонанд оиди фаъолияти сохтор маълумоти муфасал гиранд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Агентии Тоҷикстандарт дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятиро ҷорӣ намудааст, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта ба суроғаи расмии Агентӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ аз тарафи мутахассиси Агентӣ Қодиров А. қайд карда шуд, ки имрӯз истифодаи дубораи зарфњои полимерї дар миёни ањоли бисёр баназар мерасад ва дар љомеа як кори маъмул шудааст. Гарчанде мутобиќи талаботи њуљљатњои меъёрї - техникї ва Регламенти техникии «Бехатарии борљома» истифодаи дубораи зарфњои полимерї манъ мебошад. Чунки дар ваќти истифодаи дубораи зарфњои полимерї, онњо раванди безараргардониро намегузарад, ки ин ба саломатии ањолї зарар дорад. 

Баъдан аз тарафи донишҷўён саволҳо пешниҳод гардиданд ва ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ пурра ҷавоб гардонида шуд.

Дар фарҷом масъулини Донишкада сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Агентиро фоли нек арзёбӣ намуда, миннатдорӣ баён намуданд.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки чунин як вохўрї дар Донишгоњи соњибкорї ва хизмат низ доир гардида, тибќи наќша иќдоми мазкур идома дода мешавад.