ХАБАРҲО

 

Амалҳои коррупсионӣ барои ҷомеа хавфнок буда, пешгирӣ ва муқовимат бар он аз рисолатҳои асосии ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад. Дар ин хусус дар дар вохўрии кормандони Агентии Тољикстандарт бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон таъкид карда шуд.

Дар ин вохўрї, ки санаи 23 август дар маҷлисгоҳи Агентии Тољикстандарт баргузор гардид, ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласаро директори Агентии Тољикстандарт Ибодулло Ќурбониён ифтитоҳ намуда, бобати татбиќи Нақшаи чорабиниҳои идоравии Агентї оид ба  Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2018 маълумот дод.

Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумњурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком ва Муќимї Нигора сухан ронда, коррупсияро падидаи номатлуб ва хатарнок номида, оид ба таѓйиру иловањо дар ќонунњо ва њуљљатњои меъёрї- њуќуќии Љумњурии Тољикистон, риояи одоби хизмати давлатї, пешгирии амалњои ба коррупсия мусоидаткунанда, риояи талаботи Ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», њамчунин дигар самтњои ба хизматчиёни давлатї алоќаманд маълумот доданд.

Директори Агентии Тољикстандарт Ибодулло Ќурбониён ҷаласаро ҷамъбаст намуда, таъкид дошт, ки кормандон дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия ва пешбурди босамари фаъолияти корї дар доираи талаботи ќонунгузорињо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...