ХАБАРҲО

2018-05-17: Шабакаи телевизионии ОНТ-и Беларус: «Форуми соҳибкориеро, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, аллакай бузургтарин дар Осиёи Миёна дар солҳои охир номиданд»

ДУШАНБЕ, 15.05.2018. «Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, вале дар умум бо тамоми Осиёи Миёна. Ин лаҳзаҳо дар Душанбе музокироти Президенти Беларус бо ҳамтои тоҷикаш ҷараён дорад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии ОНТ-и Беларус.  – Шарикон дорои заминаи иқтисодии рушдкунанда мебошанд — гардиши мол соли гузашта то 43 миллион доллари ИМА расид».

Дар ҳошияи музокироти расмии Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон форуми соҳибкорон доир мегардад, ки аллакай онро бузургтарин дар Осиёи Миёна дар солҳои охир меноманд.

Миёни иштирокдорон на танҳо соҳибкорони Беларус ва Тоҷикистон, инчунин аз Афғонистон, Покистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд. Минск муносиботи сатҳи олиро бо тамоми кишварҳои минтақа ҷонибдорӣ менамояд. Имрӯз дар муносиботи Беларусу Тоҷикистон саҳифаи нав боз хоҳад шуд. Дар Душанбе намоиши миллии Баларус доир мегардад, ки дар он тақрибан 150 соҳибкор маҳсулоти хешро ба маъраз  мегузоранд.