ХАБАРҲО

2018-05-17: 20 май – Рӯзи умумиҷаҳонии метрология

Ҷурахон Раҳимзода:

“Оғозу фарҷоми зиндагӣ ченак аст”

Ба касе пӯшида нест, ки аксар маврид масъулин дар робита ба насбу таъмини фаъолияти мунтазами ҳисобкунакҳои барқӣ аз нармдилии шаҳрвандон суиистифода намуда, онҳоро “водор” менамоянд, ки чунин ҳисобкунакҳоро харидорӣ намоянд. Ҳол он ки қонун дар ин маврид талаботи дигар дорад. Дар моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» омадааст: «Баҳисобгирии моли (кори, хизматрасонии) ҳаққонӣ гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати ҳаққонӣ барояш иҷро карда)-ро фурӯшанда бо тарозу, ба воситаи асбобу анҷом, ҳисобкунакҳо ва асбобу анҷоми дигари меъёргирие, ки мақомоти давлатии стандартизатсия ва метрология санҷида, тамға задаанд, таъмин менамояд. Ин асбобу анҷомҳо ва дигар асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати расонида) моликияти фурӯшанда  (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) буда, аз тарафи онҳо хизматгузорӣ мешаванд.»  Яъне, тибқи талаботи қонуни мазкур фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда), аз он љумла фурӯшандаи  неруи барқ вазифадор аст, ки   «хизматгузорӣ»-и  ин «асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда»-ро  ба зиммаи худ гирад. Суҳбате, ки дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии метрология бо сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии стандардартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон Раҳимзода доир намудем, муҳтаво ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ченаки ягона” ва масоили ба метрология рабтдоштаро бозгӯйӣ менамояд.

Эълон шудани 20 май Рӯзи умумиҷаҳонии метрология рӯз аз кадом омилҳо маншаъ мегирад?  

20 майи соли 1875 дар конфронси дипломатӣ, дар шаҳри Париж намояндагони 17 давлат Созишномаи метриро ба имзо расониданд. Ин аввалин созишномаи байнидавлатӣ дар соҳаи метрология буд. Айни замон ба созишномаи мазкур 80 давлат ҳамроҳ шудааст.

Созишномаи метрӣ ба пешрафти илмӣ-техникии ҳамаи давлатҳо таъсири неки худро гузошт, чунки маҳз тавассути он системаи метрии андозаҳо ва баъдтар системаи байналмилалии воҳидҳо созмон ёфт, ки дар асоси он системаи байналмилалии ченак таъсис гардида, амал мекунад. Агар гӯям, ки оғоз ва фарљоми зиндагии инсон ченак аст,  муболиға нахоҳад буд, зеро аз марҳилаи таваллуд (манзур баркашидани тифли навзод аст) то марҳилаҳои минбаъда ин масъала ҷойгоҳи хос дошту дорад.

Тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷамъияти имрӯза - тандурустӣ, экология, тараққиёт ва ҷорӣ кардани технологияву дастовардҳои илмӣ -техникӣ, энергетика, савдо ва ғайраҳоро бе дурустӣ, ягонагӣ ва саҳеҳияти ченак тасаввур кардан имконнопазир аст. Аҳамияти метрологияро дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тараққиёти илмӣу техникӣ, ба назар гирифта, ЮНЕСКО 20 майро Рӯзи умумиҷаҳонии метрология эътироф намуд.

Таърихи метрологияи тоҷик аз кадом давра шурӯъ шудааст?

Дар давраи  Сомониён яке аз девонҳои давлати Сомониён девони Муҳтасиб ном дошт.  Дар ин бора аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари худ «Тоҷикон» нигоштааст: «Девони Муҳтасиб ба бозор, тарозу, молҳои фурӯши барзгарон ва пешаварон назорат мекард. Вай метавонист фурӯши молҳои қалб ва номарғубро боздорад ва ба нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад. Ин девон тадриҷан ба ахлоқи мардум, масҷидравӣ ва истеъмоли машрубот низ назорат мекардагӣ шуд. Шаҳре набуд, ки муҳтасиби худро надошта бошад».

Баъдтар, дар давраи Аморати Бухоро одамон дар фаъолияти рӯзмарраи худ, аз ҷумла ҳангоми ҳисобу китоби байниҳамдигарӣ дар бозорҳо, ҳангоми сохтмон, ҳангоми хариду фурӯши маводҳои қиматбаҳо ва ғайра аз воҳидҳои ченкунии гуногун, ба монанди пуд, ман, мил, фарсанг, мисќол, газ ва њоказо истифода мебурданд. 

Дар давраиҲукумати Шўравӣ хадамоти метрологӣ аввалин маротиба соли 1926, баъди ба табъ расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии  Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани шуъбаҳои муваққатии санҷиши воситаҳои ченак» аввал дар шаҳри Хуҷанд ва сипас дар шаҳри Душанбе филиалҳои Палатаи ченаку  вазни шаҳри Тошканд» таъсис дода шуда, соли 1929 он ба хадамоти мустақили давлатии метрологӣ - Палатаи ченаку вазн  табдил дода шуд.

Ин шуъбаи хурди санҷишӣ давоми мавҷудияти худ дар давраҳои Ҳокимияти Шӯравӣ пайваста рушду равнақ ёфта, то солҳои 90-уми асри гузашта аллакай ҳамчун Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия на фақат дар шаҳри Душанбе, балки дар ҳама маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ – Хуҷанд, Қўрғонтеппа (њоло Бохтар), Кӯлоб ва Хоруғ зерсохторҳои худро таъсис дод.

Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, айни замон Агентии Тоҷикстандарт узви ташкилотҳои бонуфузи байналмилалї ва минтаќавї, аз ќабили ИСО(ISO), МОЗМ(OIML), МГС (EASC), СООМЕТ ва як ќатор ташкилотњои дигар маҳсуб мешавад.

Њамкорињои хадамоти метрологии Агентии Тољикстандарт бо дигар институтњои метрологии хориљи кишвар, аз љумла Институти физико-техникии Олмон, институтњои  миллии метрологии  Љумњурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Беларус, Ќазоќистон ва Ўзбекистону Ќирѓизистон сол аз сол рушд меёбад. Аз љумла, дар асоси Созишномаи њамкорињои метрологї бо Институти физико-техникии Олмон  айни  замон сохтмони озмоишгоњи эталонњои вазн идома дорад, ки баъди анљоми он хадамоти метрологии Агентї имконият пайдо менамояд дар муќоисањои байнилаборатории байналмилалї Љумњурии Тољикистонро муаррифї намояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ченаки ягона” чӣ рисолат дорад?

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъмини ченаки ягонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибати мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди тайёр, истеҳсол, таҳвил намудан, истифода, таъмир ва ворид кардани воситаҳои ченак танзим менамояд ва  барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқии  муқарраргардида ва ҳамчунин барои ҳимояи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои номатлуби натиҷаҳои нодурусти ченак равона гардидааст. Гуфтан бамарид аст, ки ченаки ягона-ҳолати ченаке, ки натиҷаи он дар воҳидҳои эътирофгардидаи бузургӣ ифода ёфта, иштибоҳи ченак аз ҳудуди меъёрҳои муайянгардида берун намеояд. Дар мавриди  воситаи ченак ҳамватанонамон бояд донанд, ки он таҷҳизоти техникие, ки маҳсуб мешавад, ки барои ченак пешбинӣ шудааст.

Тасдиқи навъи воситаҳои ченак чӣ гуна амалӣ мегардад?

Тибқи моддаи 14 қонун дар соҳаҳое, ки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор доранд воситаҳои ченак ҳатман санҷида, сипас навъи онхо тасдиқ карда мешавад. Қарори тасдиқ кардани навъи воситаҳои ченакро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд ва он бо тасдиқномаи навъи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад. Муҳлати амали тасдиқномаи мазкурро ҳангоми додани он мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар мекунад. Навъи тасдиқгардидаи воситаҳои ченак ба Реестри давлатии воситаҳои ченак дохил карда мешавад, ки ин корро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба ҷо меоварад.Воситаҳои ченакро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тасдиқи навъи онҳо месанҷад.

Ин раванд, яъне санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак чӣ гуна сурат мегирад? 

Тавре аз муқаррароти моддаи 15 қонун бармеояд, воситаҳои ченак, ки таҳти назорати давлатӣ қарор гирифтаанд, дар мавриди истеҳсол, таъмир ва истифода бояд аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ҷиҳати тасдиқи мутобиқати онҳо ба меъёрҳои  муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шаванд. Намудҳои воситаҳои ченак, ки бояд аз санҷиш гузаранд ва тартиби гузаронидани санҷиши мутобиқатиро мақоми ваколатдор муайян мекунад. Бо иҷозати мақоми ваколатдор хадамоти метрологии дигар шахсони ҳуқуқӣ низ  метавонанд барои фаъолият дар соҳаи санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак аккредитатсия карда шаванд.Тартиби аккредитатсия кардани хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Воситаҳои ченак, ки аз санҷиши  мутобиқатӣ гузаштаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор муҳргузорӣ карда мешаванд ва ё мутобиқати онҳо бо  шаҳодатномаи санҷиш тасдиқ карда мешавад.

Масъулин оид ба  таъмини ченаки ягона  чӣ вазифаву ваколат доранд?

Моддаи 17 қонуни фавқ муқаррар кардааст, ки назорати давлатии метрологӣ ба зиммаи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Нозирони давлатӣ ҳангоми ҳуқуқ доранд бо нишон додани шаҳодатномаи хидматӣ  тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ мутобиқати воҳидҳои бузургиро, киба истифодаашон иҷозат дода шудааст, санҷанд, воситаҳои ченак, мутобиқат, шароити истифода, инчунин мутобиқати онҳоро ба навъи тасдиқшудаи воситаҳои ченак тафтиш намоянд,истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ, ҳолати маҳакҳоеро тафтиш намоянд, ки барои санҷиши воситаҳои ченак истифода мешаванд,барои назорат намунаи молу маҳсулот, инчунин молҳои баркашшудаи банду басташон гуногунро интихоб намоянд,истифода ва истеҳсоли воситаҳои ченаки навъҳои тасдиқнашуда ё ба навъи тасдиқгардида номутобиқ будани онҳо, инчунин аз санҷиш нагузаштаро манъ намояд,тамғаҳои тафтишнашударо ботил кунад ё худ шаҳодатномаи санҷишро ҳангоме, ки воситаи ченак натиҷаи нодуруст медиҳад ё фосилаи байни санҷиш риоя карда нашудааст, беэътибор гардонад,ҳангоми зарурат воситаи ченакро аз истифода гирад ва  дастурҳои ҳатмӣ диҳад ва муҳлати рафъи риоя нашудани қоидаю меъёрҳои метрологиро муқаррар кунад.

Дар мавриди андозагирии воситаҳои ченак қонун чӣ муқаррарот дорад?

Ин масъала дар моддаи 20 инъикос шудааст. Муқаррар шудааст, ки воситаҳои ченак, ки нисбат ба  онҳо тибқи муқаррароти қонуни мазкур санҷиши мутобиқатӣ пешбинӣ шудааст, дар мавриди истеҳсол, таъмир, воридот, фурӯш ё истифода мутобиқи дархости шахсони ҳуқуқии манфиатдор метавонанд мавриди андозагирӣ қарор гиранд. Андозагирӣ аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ё хадамоти метрологии шахси ҳуқуқӣ, ки аз тарафи  мақоми ваколатдор барои чунин намуди фаъолият аккредитатсия шудааст, амалӣ гардонида  мешавад. Натиҷаи андозагирии воситаҳои ченак бо муҳр, шаҳодатномаи андозагирии воситаҳои ченак ва ё тавассути сабти он дар  санадҳои истифодаи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад.

 

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»