ХАБАРҲО

 

Хушбахтона, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва дастгирию ғамхорӣ дар ин самт пайваста идома дорад. Аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт дар назди биноҳои истиқоматии рақами 6 ва 8 - и кӯчаи Неъмат Қаробоев, ки ин макон қаблан таваққуфгоҳи мошинҳо буд, дар муддати хеле кӯтоҳ  майдончаи варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. 
Ин имкон медиҳад, ки боз як гӯшаи шаҳр ободу зебо гардад ва аз ҳама муҳим барои ба варзиш машғул шудани кӯдакону наврасон шароит муҳайё шавад.

Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, зимни ифтитоҳи майдонча ба сифати корҳои сохтмончиён баҳои баланд дод. Майдонча бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосир сохта шуда, дорои майдонҳои бозии футбол, волейбол, баскетбол, майдони бозиҳои кӯдакона ва ҷойи нишасти волидони хурдсолон мебошад. Дар атрофи майдонча дарахтҳои ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ шинонда шуда, мавзеи бо майсазори сабз зиннатдода рӯҳи касро болида мегардонад.
Сокинони биноҳои назди ин майдонча  аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти шаҳри Душанбе изҳори хушнудӣ намуда, аҳамияти онро дар солимии ҷомеа, бахусус  кӯдакону наврасон, муҳим ва муассир арзёбӣ намуданд. Насиба Давлатова, сокини ин маҳалла, зимни суҳбат изҳор дошт, ки ҷавонону наврасон ва кӯдакон аз ин пас метавонанд вақтҳои холии худро ба беҳудагардӣ сарф накарда, дар ин майдончаҳо  ба ҳар гуна бозиҳои варзишӣ машғул шаванд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки бомаром идома дорад,  барои тарбияи насли солим заминаи воқеӣ гузошта, дар баланд бардоштани шуурнокиву ташаккули наврасону ҷавонон нақши муассир мегузоранд. Мо аз ин ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат бисёр миннатдор ҳастем.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...