ХАБАРҲО

 

Бо маќсади њимояи бозори дохилї аз мањсулоти саноатии ба саломатии инсон зараровар, бахусус либосњои кудаконаю мактабї ва баланд бардоштани талаботи сифатнокї ва бехатарии махсулоти воридшаванда, лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 августи соли 2015, № 498 «Дар бораи Регламенти техникии бехатарии мањсулоти таъиноти кудакон ва наврасон» тањия гардида баъд аз мувофиќа бо вазорату идорањои дахлдор аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шудааст, ки талаботи њатмї дошта, айни замон назорати давлатї дар самти истењсол, фурўш, нигоњдорї, интиќол ва дигар талаботи бехатарии либосњои кудакона, аз љумла либосњои мактабї тибќи Регламенти техникии мазкур амалї карда мешавад.

       Њамзамон љињати пешгирии либосњои мактабии бесифат аз тарафи мутахассисон дар нуќтањои савдо мониторинг гузаронида шуда истодааст ва тибќи маълумотњо асосан воридоти либосњои мактабї ба ќаламрави кишвар бо роњи ќочоќ амалї шудааст.

        Доир ба истењсоли либосњои мактабї дар љумњурї корхона ва сехњои махсусгардонидашуда фаъолият мебаранд ва дар корхонаю сехњои дўзандагї (дар ш.Душанбе - корхонањои ЉДММ ИИ “Нассољии тољик” ва ЉДММ “Ёќут-2000”, дар вилояти Суѓд – корхонањои ЉДММ “Олимхони Хуљандї”, ЉДММ КД “Наргиз”, ЉДММ “Асри тиллої”, ЉДММ “Мастура Авезова” ва 4 соњибкори инфиродї, дар вилояти Хатлон) корњои назоратї гузаронида шуда, нисбати риояи њуљљатњои меъёрї-техникї, истифода намудани матоъњои ба талабот љавобгўй ва баланд бардоштани сифати либосњои мактабї аз тарафи мутахассисони Агентї бо субъектњои хољагидор корњои фањмондадињї ва сертификаткунонии мањсулот амалї гардиданд.

       Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар шањри Душанбе имрўз барои дўхтани либоси ягонаи мактабї ЉДММ «ИИ Нассољии Тољик» ва ЉДММ «Ёќут-2000» машѓул мебошанд. Дар ЧДММ «ИИ Нассољии Тољик» либоси мактабиро дар ду коргоњи дўзандагї истењсол мекунанд. Коргоњњои мазкур бо дастгоњњои муосири њозиразамон таљњизонида шудаанд. Ашёи хом аз матоъњои навъњои «Милан», «Покер», «Габардин» ва  масолењи ёрирасон барои дўхтани либоси мактабї аз бозори дохила харидорї карда мешавад.

       Дар ЉДММ «Ёќут -2000» матои костюмвории артикули 1502  аз ЧДММ «Нассољии Хуљанд», матои куртавориро аз Љумњурии Халќии Хитой ва лавозимоти ёрирасонро барои дўхти либосњои мактабї аз бозори дохилї дастрас менамоянд.  Коргоњи ЉДММ «Ёќут -2000»  низ бо дастгоњњои замонавї таљњизонида шудааст.

       Дар соли 2017 бо маќсади таъмини сифат ва раќобатпазир гардонидани мањсулоти дўзандагї, аз љумла либосњои мактабї бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва роњбарону масъулони корхонањои истењсоли маҳсулоти дўзандагї дар Агентї семинар-машварат доир карда шуд, ки дар он масъалаи сифати истењсоли либосњои мактабї баррасї гардида, њамзамон, ба корхонањои истењсоли маҳсулоти дўзандагї супориш дода шуд, ки минбаъд  фаъолияти кории худро дар асоси талаботи Регламенти техникии Љумҳурии Тољикистон «Бехатарии мањсулоти таъиноти кўдакон ва наврасон» ба роњ монанд.

       Дар рафти корњои фањмондадињї дар корхонањо оиди истењсоли либоси мактабї нозирони Агентии Тољикстандарт талаботи Регламенти техникии мазкурро нисбати таркиби матоъњои костюмворї, куртаворї ва астарворї барои либосњои мактабї ба мутахассисону роњбарони корхонањои истењсолї фањмониданд. Мутахассисони корхонањои истењсолї  оиди ин масъала як ќатор таклифњо пешнињод намуданд.

        Аз он љумла пешнињод шуд, ки барои ноил шудан ба сифати ягонаю љавобгў ба талаботи Регламенти техникї ва њуљљатњои меъёрї–техникї, нархи ягонаю дастрас барои њамаи табаќањои ањолї бояд матоъњои костюмворї, куртавор ва астарворї барои либосњои мактабї дар дохили кишвар истењсол карда шавад. Барои истењсоли ин матоъњо (матои омехтаи 60-70% аз нахи табиї ва 30-40% аз нахи синтетикї иборат)  хати технологияи махсус лозим аст. Њамин хати технологї дар базаи корхонањои амалкунанда ё дар корхонањои навсохташудаистодаи минтаќањои озоди иќтисодї дар вилояти  Суѓд ва шањри Данѓара  ба роњ монда шавад. Зеро ин омил њам манфиати иќтисодї дошта ва њам аз љињати бехатарї барои њифзи саломатии инсон ва шањрвандон дар Љумњурии Тољикистон мусоидат мекунад.

        Инчунин соњибкорон оид ба масъалањои њалталаб њангоми истењсоли либоси мактабї, аз љумла мушкилии молиявї, норасоии матоъ, фурнитура (масолењи ёрирасон), иљро нашудани шартномањо байни муассисањои таълимї ва корхонањои истењсоли либосњои мактабї барои дўзонидани либоси мактабї изњори аќида намуданд.

       Умуман, љињати њалли мушкилоти љойдошта дар самти баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии мањсулоти ватанї, љалби сармояи хориљї, ба роњ мондани коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ва таъмин намудани корхонањои истењсолї бо ашёи хом њамоњангии фаъолияти вазорату идорањои дахлдор ва корхонањои истењсолї мувофиќи маќсад мебошад.

       Боиси зикр аст, ки љињати баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии либосњои мактабї Агентї тасмим гирифтааст, ки бо вазорату идорањои дахлдор стандартњои ягонаи давлатиро тањия намояд.

       Дар ин робита аз њисоби масъулини Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Вазорати саноат ва технологияњои нави Љумњурии Тољикистон ва мутахассисони Агентї гурўњи корї таъсис дода шуда, Стандарти Љумњурии Тољикистон “Либосњои мактабї” тањия гардид ва барои мувофиќа пешнињод шудааст.

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...