Нишон

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Диёри арҷуманди мо,
  • Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
  • Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
  • Зи дурии замонаҳо расидаем,
  • Ба зери парчами ту саф кашидаем,
  • кашидаем
  •  
  • Зинда бош эй Ватан,
  • Тоҷикистони озоди ман!
  •  
  • Барои нангу номи мо
  • Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
  • Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
  • Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
  • Ки мазраи вафо бувад канори ту,
  • канори ту
  •  
  • Зинда бош эй Ватан,
  • Тоҷикистони озоди ман!
  •  
  • Ту модари ягонаӣ,
  • Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
  • Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
  • Зи ту саодати абад насиби мост,
  • Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
  • ҳабиби мост,
  •  
  • Зинда бош эй Ватан,
  • Тоҷикистони озоди ман!