МСМС ва НС дар вилояти Суғд

Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд фаъолияти худро дар доираи тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи бозори дохила аз молу маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлати истеъмолаш гузашта, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунадагон, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар, татбиқи қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ, регламентҳои техникӣ, амали намудани барномаҳои давлатӣ ба роҳ мондааст.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар сохтори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд рушд ёфта, аз якчанд шуъбаҳо аз ҷумла, шуъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, шуъбаи таъминоти метрологӣ ва озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ, бахши назорати давлатии воситаҳои ченак, бахши санҷиш ва колибровкаи воситаҳои ченак, шуъбаи нозироти савдо, шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ, шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, шуъбаи баҳодиҳии мутобиқат, бахши низоми идоракунии сифат, шуъбаи истифодабарии техникӣ, шуъбаи муҳосибот ва баҳисобгирӣ, шуъбаи иқтисод ва банақшагирӣ, шуъбаи умумӣ ва назорат, шуъбаи кадрҳо, дафтари матбуот, инчунин озмоишгоҳи маҳсулотҳои хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва бактериологӣ, озмоишгоҳи пойафзол иборат буда,  дар асоси фармоиши директори Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2018 таҳти №70-ф-а марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент ба Марказ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда гардиданд.  

Командони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо дастгирии Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҷашни фархунда ва таърихии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас истиқбол гирифта, дар ҳамкори бо дигар мақомотҳои назорати давлатӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ҷори намудани стандартҳои байналмилалӣ, инчунин баланд намудани сатҳу сифати маҳсулот ва кору хизматрасонӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулот ва кору хизматрасонии пастсифат, қалбакӣ ва худсоз ва дар маҷмӯъ дар баланд бардоштани иқтисодиёти давлат ва беҳтар гаштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ҳиссаи худро гузошта, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Певои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ ва дар амал татбиқ менамоем.