МТМ Шаҳритуз
Маркази Ташхиcи Минтақавии «Тоҷикстандарт»-и Шаҳритуз тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-ноябри соли 1998, № 1111 «Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-марти соли 1999, № 97 «Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулотҳои бесифат». Фармони Тоҷикстандарт аз 18-декабри соли 2001-ум № 113 таъсис ёфта ва дар асоси низомномаи аз тарафи Агентии “Тоҷикстандарт” тасдиқ карда шуда кору фаъолият менамояд.
Маркази Ташхиси Минтақавии «Тоҷикстандарт»-и Шаҳритуз дар ноҳияи Шаҳритуз воқеъ буда фаъолияти худро дар чор ноҳия яъне ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз, Дӯстӣ ва ноҳияи Носири Хусрав амалӣ менамояд, бо мақомотҳои ҳивзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳои чор ноҳия ҳамкории зич дошта кору фаъолият менамояд.
Марказ аз 2 шуъба, яъне шуъбаи муҳосибот, шуъбаи Маҷмааи агросаноатӣ , 5 бахш, яъне бахши нозироти савдо, бахши МНМ, бахши воситаҳои ченак,бахши баҳодиҳии мутобиқат, бахши шаҳодатномадиҳи кору хизматрасонӣ ва 3 озмоишгоҳ иборат мебошад.
Озмоишгоҳи хӯрокворӣ дорои Аттестати аккредитатсия мебошад.
Дар озмоишгоҳи хӯрокворӣ ташхиси ҳама намуди маҳсулотҳои хӯрокворӣ аз санҷиши физико-химявӣ гузаронида мешавад.
Озмоишгоҳи воситаҳои ченаки барқӣ дорои Аттестати аккредитатсия мебошад.
Озмоишгоҳи воситаҳои ченаки барқӣ ҳисобкунакҳои барқии як ва се фаза-ро аз санҷиши давлатӣ мегузаронад.
Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулотҳои нафтӣ дорои Аттестати аккредитатсия мебошад. Озмоишгоҳ маҳсулотҳои нафтӣ аз ҷумла бензини автомобилӣ ва маҳсулоти дизели-ро аз ташхиси лобороторӣ мегузаронанд.
- Почтаи электронӣ :shahrituz@standart.tj
- Тел: 83240 2 17 01.
- Факс: 83240 2 17 01.