МТМ Рашт
Маркази ташхиcи минтақавии «Тоҷикстандарт»-и Рашт тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-ноябри соли 1998, № 1111 «Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Њукумати Љумњурии Тоҷикистон аз 16-марти соли 1999, № 97 «Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулотҳои бесифат», ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 23 апрели соли 2002, №240 «Дар бораи сифат ва бехатарии мањсулоти хўрокворї», Фармони Агентии «Тоҷикстандарт» аз 5-майи соли 2005-ум №61ф/а таъсис ёфта ва дар асоси Низомномаи аз тарафи Агентии “Тоҷикстандарт” тасдиқ карда шуда кору фаъолият менамояд.
Маркази Ташхиси Минтақавии «Тоҷикстандарт»-и Рашт дар шањраки Ѓарм ноҳияи Рашт воқеъ буда, фаъолияти худро дар як шањр ва се ноњия- Роѓун, ноҳияи Нуробод, ноҳияи Сангвор ва ноњияи Рашт амалӣ менамояд, бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳои шањру ноҳияњо ҳамкории зич дошта, кору фаъолият менамояд.
Марказ аз 1 шуъба- шуъбаи истифодабарии техникї ва 6 бахш-Бахши нозироти савдо, Бахши санљиши давлатии воситаҳои ченак, Бахши баҳодиҳии мутобиқат ва санљиши мањсулоти нафтї, Бахши сертификатсиякунонї ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ, Бахши муњосибот ва озмоишгоҳи ташхиси мањсулоти хўрокворї ва кишоварзї иборатмебошад.
Озмоишгоҳи хӯрокворӣ дорои Аттестати аккредитатсия мебошад.
Дар озмоишгоҳи хӯрокворӣ ташхиси ҳама намуди маҳсулотҳои хӯрокворӣ аз санҷиши физико-химявӣ гузаронида мешавад
Озмоишгоҳи воситаҳои ченаки барқӣ дорои Аттестати аккредитатсия мебошад.
Озмоишгоҳи воситаҳои ченаки барқӣ ҳисобкунакҳои барқии як ва се фаза ва њама навъњои тарозуњоро аз санҷиши давлатї мегузаронад.
- Почтаи электронӣ :rasht @standart.tj
- Тел: 8313122125
- Факс: 8313122487