МТМ шаҳри Панљакент
Маркази ташхиси минтаќавии Тољикстандарт дар шањри Панљакент
Бо маќсади баланд бардоштани маърифати шањрвандон оид ба њимояи њуќуќњои истеъмолї, дастгирии соњибкорї, таъмини ќонунњои Љумњурии Тољикистон оид ба стандартњои давлатї бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №97 аз 16.03.1999, фармони директори Агентии Тољикстандарт №113-К, аз 18.12.2001, ќарорњои раисони вилояти Суѓд ва шањри Панљакент, дар шањри Панљакент Маркази ташхиси минтаќавии Агентии Тољикстандарт таъсис ёфт.
Дар Марказ 4 шуъба, 3 бахш, 2 озмоишгоњ ва 41 нафар мутахассисону кормандон љињати татбиќи ќонунњои Љумњурии Тољикистон оид ба соњаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия, нозироти савдо фаъолият менамоянд.
Дар Марказ озмоишгоњњои маводи хўрока, мањсулоти нафтї ва масолењи сохтмонї бо таљњизоти замонавї фаъолият менамоянд. Аз љумла дар озмоишгоњи маводи хўрока асосан сифати мањсулоти ѓизої, кишоварзї, нурињои минералї мавриди ташхис ва пешнињоди хулосањо ќарор дода мешавад.
Озмоишгоњи мањсулоти нафтї ва масолењи сохтмонї фаъолияти хешро љињати муайян намудани сифати мањсулоти номбурда дар шањру ноњияњои минтаќаи Зарафшон равона намудаанд.
Дар самти таъмини Ќонунњо, барномањо, ќарору фармоишњои маќомоти болої шуъбањои бањодињии мутобиќат, назорати давлатї оид ба риояи талаботи регламенти техникї ва њуљљатњои меъёрї техникї, таъминоти метрологї, санљиш ва калибровкаи воситањои ченак, бахшњои нозироти савдо ва шањодатномадињии кору хизматрасонї љињати пешгирии фурўши молу мањсулоти пастсифат, риояи ќоидањои савдо, мусоидат ба соњибкории истењсолї, таъмини молу мањсулоти истењсолшаванда, воридотї, содиротї бо сертификати мутобиќат, риояи мораторияи эълоншуда, њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон, фаъолияти хешро сол то сол густариш мебахшанд.
Маъмурияти Марказ љињати робитаи мустаќим бо истеъмолкунандагон ва соњибкорону тољирон почтаи электронии худро «panjakent@standard.tj», «pendj_standart@mail.ru» боз намуда, њар як мурољиати шахсони њуќуќї ва воќеї мутобиќи ќонунњои амалкунанда баррасї мегарданд.
- Телефонњо:
- Факс: 8347556068
- Тел: 8347554068
- Тел: 8347555562