МСМС ва НС дар минтақаи Кулоб
Соли 1987 дар вилояти Кӯлоб шуъбаи назорати давлатӣ оиди стандартҳо, сифати маҳсулот ва воситаҳои ченак ташкил карда шуд, ки теъдоди ҳамаи кормандон ба 12 нафар мерасид. Бо супориши директори Агентии Тоҷикстандарт шуъбаи назорати давлатӣ оиди стандартҳо ва воситаҳои ченак бо маркази ташхиси минтақавӣ якҷо гардида номи он ба раёсати стандартизатсия, метрология, сетификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб иваз карда шуд, ки теъдоди хамаи мутахассисон 22 нафарро ташкил медод. Раёсат аз шуъбаҳои зерин иборат буд: шуъбаи назорати давлатӣ оиди сифати маҳсулот, шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак ва санҷиши воситаҳои ченак, шуъбаи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, озмоишгоҳи хӯрока ва дар соли 2004 шуъбаи нозироти савдо ва дар соли 2005 бахши назорати давлатии молҳои ниёзи мардум таъсис дода шуд.
Дар давоми Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат бо озмоишгоҳи хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқ, озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ, озмоишгоҳи санҷиши ҳисобкуниҳои барқӣ ва озмоишгоҳи ченаки механикӣ ва электронӣ, ҳарорат ва фишор таъмин карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки айни замон дар раёсат зиёда аз 50 нафар мутахассисони ботаҷриба дар 8 шуъба ва 4 бахш кору фаъолият намуда сиёсати давлатиро дар ин самт дар асоси қонунҳои амалкунандаи ҷорӣ пеш бурда истодаанд.