МСМС ва НС дар вилояти Хатлон
Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон (МСМС ва НС-и вилояти Хатлон) тибќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 20 ноябри соли 1998, тањти №1111 «Дар бораи њимояи бозори истеъмолии Љумњурии Тољикистон», ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2006, тањти №615 «Дар бораи њимояи бозори истеъмолї аз мањсулоти бесифат» таъсис ёфта ва дар асоси низомномаи аз тарафи Агентии Тољикстандарт тасдиќ карда шуда, кору фаъолият менамояд.
Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар, хиёбони Вањдат 23 ҷойгир мебошад. Марказ фаъолияти худро дар шањрњои Бохтару Левакант ва ноњияњои Кўшониён, Вахш, Љ.Балхї, Љайњун, Панљ, Хуросон, А.Љомї ва Ёвон амалї намуда, бо маќомоти њифзи њуќуќ ва дигар идорањои давлатию ғайридавлатии шањру ноњияњои дар боло номбаршуда њамкории зич дорад. Дар Марказ 12 - шуъба, 2- бахш ва 4-озмоишгоҳ фаъолият доранд. Аз љумла:
- Шуъбаи муҳосибот,
- Шуъбаи умумї ва назорат,
- Шуъбаи баҳодиҳии мутобиқат,
- Шуъбаи кадрњо ва ташкилї,
- Шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ,
- Шуъбаи нозироти савдо,
- Шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак,
- Шуъбаи санљиш ва калибровкаи воситањои ченак,
- Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маљмааи агросаноатї,
- Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар молњои ниёзи мардум,
- Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар корхонањои саноати вазнин,
- Шуъбаи истифодабарии техникї ва хољагидорї,
- Бахши низоми идоракунии сифат,
- Бахши иќтисодї ва банаќшагирї,
- Озмоишгоҳи санљиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ,
- Озмоишгоҳи санљиши маҳсулоти нафтӣ.
- Озмоишгоҳи санљиши масолењи сохтмонї,
- Озмоишгоҳи санљиши нурињои менералї ва кимиёвї.
Шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Марказ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия» ваколатдор кардашуда, дорои аттестати аккредитатсионӣ мебошад.
Шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак дар доираи ваколатњои худ чунин амалњоро иљро менамояд: назорати риояи ќоида ва меъёрњои метрологї, тасдиќи навъи воситањои ченак, санљиши мутобиќатии воситањои ченак, амалиётњои бањисобгирии давлатї, таъмини мудофиаи давлат, корњои геодезї ва гидрометрологї, амалиёти бонкї, андоз ва почта, андозагирї бо супориши маќомоти судї, прокуратура ва маќомоти идораи давлатии Љумњурии Тољикистон, ба ќайд гирифтани рекордњои варзиши миллї ва байналмилалї.
Шуъбаи санљиш ва калибровкаи воситањои ченаки Марказ аз 4 бахш иборат мебошад: бахши радиоэлектромагнитї, бахши гармї-техникї, бахши механикӣ, бахши геометрӣ. Озмоишгоҳи бахшњо бо дастгоҳҳои замонавӣ муљањњаз буда, воситаҳои ченакро аз санҷиши давлатии метрологӣ мегузаронанд.
Озмоишгоњи санљиши масолењи сохтмонї аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия» ваколатдор карда шуда, дорои шањодатномаи №TJ 126.37100.02.047-2018 мебошад. Озмоишгоњи мазкур ваколатдор шудааст, ки нишондодњои физико-механикии семент, арматура, ќуми сохтмонї, сангреза, бетон, хишти сафолї, сангњои бетонии деворї, тахтасанги роњрав, мехи сохтмонї, тахта, зичии хок, рангњои равѓанї, рангњои дар об њалшаванда, вараќаи асбестосементии мављдор, гаҷи сохтмонї, газоблок ва ѓӯрагаҷро аз ташхис мегузаронанд.
Озмоишгоҳи санљиши маҳсулоти нафтӣ низ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар озмоишгоҳ ташхиси сӯзишвории дизелӣ, бензин, равғанҳои муҳаррикӣ ва моеъҳои хунуккунанда гузаронида мешавад.
Озмоишгоҳи санљиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Марказ дорои аккредитатсияи байналмилалї буда, бо дастгоҳҳо ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, тибқи доираи ваколатҳои хеш ташхиси физико-кимёвї ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро мегузаронад.
Озмоишгоҳи санљиши нурињои менералї ва кимиёвї бо таҷҳизоти ташхисї муҷаҳҳаз буда, дар озмоишгоҳ ташхиси нурињои менералї ва кимиёвї гузаронида мешавад.
- МСМС ва НС-и вилояти Хатлон
- email: hatlon@standard.tj
- тел: 8322236171
- факс: 8322228316