МТМ шаҳри Конибодом
МАРКАЗИ ТАШХИСИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Моҳи апрели с. 2001 Марказ ҳамчун зертобеъи Маркази санҷишӣ-минтақавии ш. Исфара ба кор шурӯъ карда буд. 05. 07. 2002 дар асоси қарори раиси вил. Суғд таҳти №168 бинои агрохимлабораторияи ҶСШК “Конибодом-Кимиё” ба мувозинаи Маркази ташхиси минтақавии ш. Конибодом гузашт, ки то ҳоло дар ин ҷо фаъолият карда истодааст. Аз рузи таъсисёбии Марказ шуъбаи метрология низ ба фаъолият оғоз намудааст. Дар оғози фаъолияти Марказ ду нафар мутахассис фаъолият мебурданд, ки як нафарашон нозири давлатӣ оид ба назорат ва нафари дигар нозири давлатӣ оид ба санҷиши воситаҳои ченак ба ҳисоб мерафтанд. Дар Маркази ташхиси минтақавӣ 24 нафар кормандон (01.01.2017) фаъолият доранд.
Шуъбаи метрология аз 4 нафар санҷишгарони давлатӣ ва як нафар нозири давлатӣ оид ба назорати давлатӣ иборат мебошад. Бо дастгирии Агентии Тоҷикстандарт озмоишгоҳи метрологӣ бо таҷҳизот ва воситаҳои ченкунии намунавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бахши нозироти савдои Марказ яке аз бахшҳои асосӣ маҳсуб ёфта, моҳи июли с. 2010 ташкил карда шудааст ва дар он 4 нафар мутахассисон фаъолият мебаранд. То соли 2010 вазифаи нозироти савдо ба бахши нозиротӣ вогузор карда шуда буд. Баъди зиёд шудани субъектҳои хоҷагидор бахши алоҳидаи нозироти савдо ташкил карда шуд. Бахши мазкур дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридшавии молҳои пастсифат, бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ фаъолият мебарад. Аз моҳи июни с. 2015 ба бахши баҳодиҳии мутобиқати содироти молу маҳсулот иҷозат дода шуд, ки ин боз як иқдоми нек ҷиҳати дастгирии соҳибкорон мебошад. Марказ мувофиқи басти воҳидҳои корӣ: аз ду шуъба (шуъбаи назорат ва санҷиши давлатии воситаҳои ченак, шуъбаи истифодабарии техникӣ ва хоҷагӣ), аз 6 бахш (бахшҳои нозироти савдо, баҳодиҳии мутобиқат, нозироти давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ, сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ, муҳосибот ва банақшагирӣ, бахши кадрӣ ва ҳуқуқ) ва озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва нуриҳои минералӣ иборат мебошад.
Мақомоти Тоҷикстандарт бо мақомоти стандарти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва байналмилалӣ ҳамкории зич дошта, як қатор стандартҳои ИДМ ва байналмилалиро қабул кардааст. Зимни ин шароит, вақт ва давру замон тақозо менамояд, ки стандартҳои ҷумҳуриявӣ бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кунонида шаванд.