МТМ шаҳри Истарафшан

Маркази ташхиси минтақавӣ дар шаҳри Истаравшан (Тоҷикстандарт) тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри 1998 сол, №1111 «Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти 1999 сол, №97 «Дар бораи ҳимояи бозори истеъмоли аз маҳсулотҳои бесифат», Фармони директори Агентии Тоҷикстандарт таҳти 48-и аз 08.06.2001 сол таъсис ёфта дар асоси Низомнома, ки аз тарафи директори Агентии Тоҷикстандарт тасдиқ карда шудааст, кору фаъолият менамояд.

Маркази ташхиси минтақавӣ дар шаҳри Истаравшан дар суроғаи шаҳри Истаравшан, кӯчаи о ва Р. Раҳимҷоновҳо №7 ҷойгир буда, ба Маркази мазкур шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод ва Шаҳристон вобаста шудаанд. Марказ дар фаъолияти хеш ба мақомотҳои иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои номбурда, мақомотҳои ҳифзи хуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ҳамкории зич дорад.

Дар Марказ 2 (ду) шуъба, 6 бахш ва се озмоишгоҳ фаъолият мебаранд, ки инҳо:

  1. Шуъбаи муҳосибот;
  2. Шуъбаи баҳодиҳии мутобиқат;
  3. Бахши кадрӣ ва ҳуқуқ;
  4. Бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ;
  5. Бахши назорати савдо;
  6. Бахши санҷиш ва назорати давлатии воситаҳои ченак (Озмоишгоҳи ташхиси воситаҳои ченак);
  7. Бахши назорати давлатӣ оид ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ;
  8. Бахши истифодабарии техникӣ ва хоҷагӣ;
  9. Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва кишоварзӣ;
  10. Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нафтӣ.

 

 

 

 

 

 

 

 

Шуъбаи баҳодиҳии мутобиқат ва озмоишгоҳҳои Марказ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия» ваколатдор карда шуда, дорои Аттестати аккредитатсионӣ мебошанд.

Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва кишоварзии Марказ бо дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, тибқи ваколатҳои хеш ташхиси физико-кимёвии ҳамаи намуди маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва кишоварзиро амалӣ менамояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нафтӣ низ бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар озмоишгоҳ ташхиси сӯзишвории дизелӣ, бензин, равғанҳои муҳаррикӣ ва моеъҳои хунуккунанда гузаронида мешаванд.

Озмоишгоҳи санҷиши воситаҳои ченак дорои зиёда аз 12 адад дастгоҳҳои замонавӣ буда, воситаҳои ченаки барқӣ, гармидиҳӣ ва механикӣ аз санҷиши давлатии метрологӣ гузаронида мешаванд.

  • МТМ дар шаҳри Истаравшан
  • email: istaravshan@standard.tj
  • тел: 83454 24753
  • факс: 83454 24753