МТМ шаҳри Исфара
Маркази санҷиши минтақавии Агентии Тоҷикстандарт дар шаҳри Исфара бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии воридоти молҳои бесифат ба бозорҳои дохила ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳо ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти № 1111 аз 20 ноябри соли 1998 барои пурзӯр намудани назорат, санҷиши давлатӣ ва сифати маҳсулоти фурӯхташаванда, ҳимояи бозори дохилӣ аз воридоти молҳои бесифат таъсис ёфтааст. Дар асоси Фармони мазкури Сарвари мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №97 аз 16 марти соли 1999 «Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавии молҳои бесифат» имзо ва нашр шуда буд.
Дар асоси ин ҳуҷҷатҳои муҳим Қарори Раиси вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) таҳти №380 аз 29 декабри соли 2000 ва Қарори Раиси шаҳри Исфара ҳам ба имзо расида, дар бинои ташхисгоҳи агрокимёвии Селхозхимияи шаҳри Исфара Маркази санҷиши минтақавии навташкил дар асоси фармони директори Агентии Тоҷикстандарт ба фаъолият шурӯъ кард.
Санаи 5-уми сентябри соли 2001 Маркази санҷиши минтақавии шаҳри Исфара ба сифати ташхисгоҳи ваколатдори мустақил дар реестри давлатии органи миллии сертификатсионӣ, яъне агентии Тоҷикстандарт ба қайд гирифта шуд, ки дар он 10 нафар мутахассисон фаъолият мебурданд. Айни замон дар соли 2016 дар Марказ 35 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият бурда истодаанд.
13-уми сентябри соли 2002 баъди ба танзимдарории давлатӣ Марказ соҳиби мақоми Органи сертификатсионӣ шуд ва мавриди зикр аст, ки таъсиси ин орган барои соҳибкорони шаҳрҳои Исфараву Конибодом аз ҳар ҷиҳат дастгирии моддиву маънавист. То таъсиси Органи сертификатсионии Марказ соҳибкорони минтақаҳои номбурда барои гирифтани сертификати молҳои воридотию содиротӣ ба маркази вилоят муроҷиат менамуданд, ки барои ин вақту маблағи иловагӣ сарф мешуд.
Дар соли аввал ташхисгоҳи Марказ барои ташхиси 43 намуди маҳсулоти кишоварзӣ ваколатдор шуд. Соли 2002 бошад барои ташхиси 101 намуди маҳсулот ваколат пайдо намуд, ҳоло дар ин айём ҳуқуқи 350 намуди маҳсулоти соҳаи гуногунро ташхис кардан дорад. Бар замми ин бо ташхисгоҳҳои ваколатдори корхонаҳои истеҳсолии минтақа, ки аз тарафи Маркази миллии ваколатдиҳӣ оиди гузаронидани ташхисҳои сертификатсионии намудҳои алоҳидаи маҳсулотҳо ваколатдор карда шудаанд, бо мақсади назорати сифати маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.
Воқеият ва раванди тараққиёт нишон дод, ки дар ҳақиқат табъу завқи истеъмолкунандагон ба кулли тағйир ёфта, аз истеҳсолотчиён талаботҳои дигарро тақозо доранд, яъне ба рақобати хизматрасонӣ ва маҳсулоти истеҳсолшуда ҷавобгӯ будани истеҳсолотро на фақат дар бозори дохила, балки дар хориҷи кишвар низ талаб доранд, дар ин самт пеш аз ҳама санҷиши сифати маҳсулот-мутобиқати он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Дар ин васила Марказ ҳамеша ба он кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ташхисгоҳ услубҳои нави ташхисро бо истифода аз технологияҳо ва услубҳои замонавӣ ба роҳ монад, ки боиси кам гаштани давомнокии санҷишҳо гашта сифати ташхисҳо ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд.
Бо ин мақсад дар ин давра ташхисгоҳи Марказ бо таҷҳизотҳои замонавии зерин таъмин карда шуданд:
- -соли 2006 Анализатор волтампрометрӣ ТА-2
- -соли 2008 Лактаномер
- -соли 2008 Рефрактометр
- -соли 2010 Сентрофуга
- -соли 2012 бо гамаспектрометр «Сигнал-М» - барои муайян намудани радионуклидҳо
- -соли 2016 бо Анализатор волтамперометрӣ ТА-4 барои муайян намудани металлҳои вазнин
Соли 2008 бошад аз тарафи Агенӣ бо мақсади назорати сифати маҳсулотҳо дар бозори истеъмолии ноҳия дар бозори Марказии шаҳри Исфара ташхисгоҳи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва кишоварзии бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз ба истифода дода шуд, ки ҳамарӯза сифати маҳсулотҳои дар бозор ба фурӯш гузошташударо мавриди ташхис қарор медиҳад.
Ташхисгоҳи Марказ дар соли 2013 аз тарафи Ташкилоти бонуфузи байнидавлатӣ мувофиқ ба стандарти ISO 17025 «Талаботи асосӣ барои озмоишгоҳҳои салоҳиятноки санҷишӣ» ваколатдор карда шудааст.
Аз соли 2003 инҷониб дар Марказ ташхисгоҳи маҳсулотҳои нафтӣ фаъолият мебарад, ки бо таҷҳизотҳои лозимаи ба талаботи ҷорӣ ҷавобгӯ таъмин буда, имконият медиҳад сифати маҳсулотҳои нафтии воридотӣ ва истеҳсоли дохила пурра зери назорат гирифта шаванд.
Соли 2003-юм дар Марказ бахши метрологӣ- бахши воситаҳои ченаки механикӣ ва электромагнитӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он 2 нафар мутахассис фаъолият менамуданд. Бо назардошти дархости соҳибкорону шаҳрвандон ва корхонаҳои истеҳсолӣ, ки бахши мазкур давра ба давра доираи фаъолияташро васеъ намуда аз санҷиши давлатӣ гузаронии воситаҳои ченаки теплотехникӣ, геометрӣ ва ҳисобкунакҳои обӣ ба роҳ монда шуданд.
Аз тарафи Марказ дар соли 2003 аз санҷиш гузаронии воситаҳои ченкунии гази табии дар ташхисгоҳи ҶШСК «Исфарагаз» ба роҳ монда шуданд.
Соли 2007 Марказ аз тарафи Агентӣ бо таҷьҳизоти замонавии «QJ-50-01» барои аз санҷиш гузаронии ҳисобкунакҳои гази табии таъмин гардид.
Соли 2008 шуъбаи метрологии Марказ бо таҷҳизоти ХВТ15-50 барои аз санҷиш гузаронии ҳисобкунакҳои обцӣ таъмин гардид.
Таъмин будан бо дастгоҳе, ки ҳисобкунакҳои обиро аз санҷиши давлатӣ мегузаронад, барои сарфакорона истифода бурдани ин неъмати муққадаси сарзамини Тоҷикистон мусоидат хохад кард. Солҳои 2005-2015 маълум аст, ки даҳсолаи об барои ҳаёт мебошад. Ҳамчунин солҳои охир маҳз бо шарофати суханрониҳо ва нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи назар ва муносибати тоҷикону тоҷикистониён, ҳатто кулли аҳли ҷаҳон нисбати муъҷизаи худовандӣ - об дигаргун шуда истодааст. Акнун аҳли шаҳру деҳоти Исфара имконият доранд, ки ин чизи ҳаётбахшро мулохизакорона истифода баранд. Тақсимоти об ва пардохти маблағи он ҳам ба низоми муайяне хоҳад даромад.
Ба роҳ мондани аз санҷиш гузаронии воситаҳои ченак дар Марказ ба аҳолии шаҳру ноҳияи Исфара, соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ имконият дод, ки вақт ва маблағи худро сарфа намоянд. То кушода шудани шуъбаи метрологии Марказ онҳо воситаҳои ченаки худро ба Маркази вилоятии Агентӣ дар шаҳри Хуҷанд барои аз санҷишгузаронӣ пешниҳод менамуданд.
Гузаштан ба низоми нави иқтисодӣ бозаргонӣ, ба маротиб афзудани хариду фурӯши маҳсулот ва зиёд гаштани нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва ба миён омадани назорати доимии онҳо боис гашт, ки дар Марказ соли 2011 сол бахши нозироти савдо ташкил карда шавад. Дар бахши мазкур 3 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба фаъолият бурда истодаанд.
Кормандони ҳамаи шуъбаҳои Маркази санҷиши минтақавӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорон ва истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон ҳамеша дар робитаи хуби мубодилаи афкор ва ҳамкорианд. Маҳз ҳамин ҷиҳати фаъолият, яъне робита бо аҳли ҷомеъа буду ҳаст, ки фаъолияти кормандони Марказ беш аз пеш сайқал ёфта, талаботҳои пешгузошташуда сари вақт ба иҷро мерасанд.
Фаъолияти Марказро аз мадди назар гузаронида, ба хулоса меоем, ки дар давоми ин муддат мақомотамон бо аҳли ҷомеа, бо истеҳсолотчиён, истеъмолкунандагон ва васоити ахбори омма ҳамеша робитаи зич дошт ва фаъолияти Марказ дар саҳифаҳои газетаю маҷалаҳо ва радиову телевизион инъикоси худро ёфтаанд. Маҳз ҳамин ҷиҳати фаъолият буд ва ҳаст, ки марказамон на фақат дар байни соҳибкорон, балки дар байни аҳли ҷомеа мавқею мақоми назаррасе пайдо намуд ва дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда собитқадамона фаъолият бурд ва бурда истодааст.
Марказ пеш аз ҳама муассисаест, ки байни аҳли ҷомеа обрую нуфузи худро нишон дода тавониста, мавқеъаш беш аз пеш мустаҳкам мегардад ва аз ҷониби истеъмолкунандагону соҳибкорон ва макомотҳои давлатӣ эҳтиром пайдо кардааст.