Низоми идоракунии сифат

Низоми идоракунии сифат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низоми идоракунии сифат ин «тафсири» бо ҳуҷҷат асоснокшудаи корхона, ҳамчун сохт, яъне механизми худтанзимкунандае мебошад, ки ба ҳаёт ва муҳити мушаххас мувофиқ карда шудааст.

Ҳадафи асосии низоми идоракунии сифат ба даст овардани пешрафту муваффақият барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон, кормандон, соҳибони корхона ва умуман ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Мутобиқати умедвории истеъмолкунандагон метавонад омили кофӣ барои ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат бошад.

Низоми идоракунии сифат на танҳо барои ширкатҳои бузург нигаронида шудааст, балки ин сохтор ба идорасозии корҳои корхона низ мудохилат дошта, он барои ҳама намуди корхонаҳо ва ҳама маҳакҳои идоракунии онҳо, ба монанди маркетинг (бозоршиносӣ), фурӯши маҳсулот ё амалҳои молиявӣ, дар қатори идоракунии равандҳои асосии истеҳсолот қабул гардидааст.

Бартарияти НИС:

• Васеъшавии эътироф барои меёрњое, ки дар тамоми љањон истифода мешаванд;

• Дарки бештар ва мувофиќаи фаъолият дар соњаи сифат дар њудуди тамоми ташкилот;

• Дастрасии стандартњои байналхалќї бо забонњои гуногун, ки ба васеъшавии муносибатњо байни истеъмолкунандагони байналхалќї ва тањвилгарон мусоидат мекунад;

• Такмилдињии њуљљатњо;

• Бењтаркунии фањмиши сифат;

• Мустањкамкунии боварии байнињамдигарї ва муносибатњои ташкилот ва истеъмолкунанда;

• Пасткунии хараљотњои умумии ташкилот;

• Дуруст истифодабарии захирањо ва баландкунии самаранокии мењнат;

• Камкунии истењсолоти пинњонї-хараљотњо барои бартарафсозии номувофиќиятњо;

• Камкунии талафотњои иќтисодї аз истифодаи таљљизоти корношоям ва воситањои ченак;

• Камкунии арзу шикоятњо, љаримањо ва пардохтњои ширкат вобаста ба њаргуна номувофиќиятњо;

• Васеъкунии бозори харид;

• Сайќалдињии донишњо ва таљрибаи кормандон, шакливазкунии донишњо ва таљрибаи кормандон ба иќтидори зењнии ташкилот;

• Инкишофи доирањои ѓайримоддї ва баландшавии сармоягузории ширкат;

• Имконияти зиёдкунии соњибкорї;

• Омодагї ба азнавкунии равандњои соњибкорї.

Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (Тоҷикстандарт) аз соли 2007 шӯъбаи «Низоми идоракунии сифат» амал менамояд, ки айни замон мувофиқи стандарти ИСО 17021 «Баҳодиҳии мутобиқат. Талабот ба ташкилоти таъминкунандаи аудит ва сертификаткунонии низоми идоракунї» барои гузаронидани баҳодиҳӣ, ба амал баровардани сертификаткунонии низоми сифат ва бехатарӣ дар корхонаву ташкилоти қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошад.

Тоҷикстандарт роҳнамоӣ ва мутобиқати фаъолият оид ба низоми идоракунии сифатро дар қаламрави ҷумҳурӣ, ҳамчунин бақайдгирии ташкилоти мададрасони машваратӣ-методиро доир ба ҷорисозии аҳамияти менеҷмент ва таҷрибаҳои беҳтарин ба роҳ мемонад.

Барои ҷорисозӣ ва сертификаткунонии низоми идоракунии корхона ва ташкилоти ҷумҳурӣ дар сатҳи давлатӣ амалан ҳама стандартҳои муҳими байналмилалӣ истифода бурда мешаванд. Маълумоти меъёрии қабулгардида пайваста инкишоф меёбад.

Шуъбаи низоми идоракунии сифати Раёсати баҳодиҳии мутобиқат дар Агентии Тоҷикстандарт аввалин мақомоти ваколатдори низоми идоракунӣ дар Сохтори миллии тасдиқи мутобиқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар бозори хизматрасонӣ оид ба сертификаткунонии низоми идоракуни аз соли 2011 инҷониб фаъолият дорад. Дар ин давра аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт зиёда аз 169 сертификати мутобиқати низоми сифат, аз ҷумла аввалин маротиба дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналхалќии зерин корхонаву ташкилотҳо пешниҳод гардидааст: ИСО силсилаҳои 9000, 14000, 22000, OHSAS 18000, НАССР.

Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти салоҳиятдори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баҳодиҳии мутобиқат омӯзиш, машварат ва амалҳоро оид ба сертификаткунонии низоми сифат, мутобиқ ба талаботи стандартҳои зерини байналхалқӣ ба роҳ мемонад:
• ИСО 9001:2008 - «Низоми идоракунии сифат»;
• ИСО 14001: 2004 - «Низоми идоракунии экологӣ»;
• ИСО 16001:2009 - «Низоми идоракунии энергетикӣ»;
• OHSAS 18001:2007 - «Низоми идоракунии бехатарии касбӣ ва саломатӣ»;
• НАССР - «Тањлили хатарњо ва назорат дар нуќтањои тањдидомез»;
• ИСО 13485:2003 - «Техникаи тиббӣ-Низоми идоракунии сифат»;
• ИСО 22000 - «Низоми идоракунии бехатарии маҳсулоти ғизоӣ».

Истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, бамеъёрдарорӣ ва фурӯши он соҳаи васеъ мебошад, ки бисёр корхонаҳои хурди ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ нигаронидашударо дар бар мегирад. Иҷроиши талабот оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои корхонаҳои хурд вазифаи муҳим мебошад, ки ба иҷроиши талабот, ҳам ба ҳайси истеъмолкунандаҳои ниҳоӣ ва ҳам ба сифати талаботи шартномаи (муоҳидаи) фармоишгарон равона шудааст.

Аз ин рӯ, имрӯз аллакай ба иҷроиши талаботи перспективӣ (оянданигарӣ) тайёр бояд буд ва ворид гардидани рақибони бозорро интизор нашуда, таъҷилан баланд бардоштани ҳадди рақобатпазирии истеҳсолоти худӣ ва баромадан ба бозорҳои нав, инчунин сохтани низоми худии идоракунии бехатарии маҳсулоти хӯроквориро дар асоси стандарти ИСО 22000 ба роҳ мондан зарур аст.

Стандарти ИСО 22000 талаботро ба низоми идоракунии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар намуда, идораи омилҳои хатарафзои маҳсулоти хӯрокворӣ ва далелҳои онро пешбинӣ мекунад.

Ҳадафи ниҳойӣ кафолат додани он аст, ки маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеъмоли инсон бехатар мебошад.

Стандарти мазкур барои ҳама ташкилоту корхонае ки ҳар кадом ба ҷанбаҳои занҷираи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ҷалб карда шудаанд, қабулшаванда аст.

Барои ҷорисозии бомуваффақият ва васеи стандарти ИСО 22000 ва НАССР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи қонунгузорӣ муњаё шуда, Қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» қабул гардидааст.

Ҳадафи Қонуни мазкур ба танзим овардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар доираи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, майлу рағбати истеъмолкунандагон, муҳофизати олами ҳайвоноту наботот ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Қонуни мазкур ба фаъолият оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳагоми истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯрокворӣ, ҷузъу қисми он, аз ҷумла маҳсулоти парҳезӣ, ғизои кӯдакона ва иловаҳои фаъоли биологӣ татбиқ мегардад. Дастурамали Қонуни мазкур ҳамчунин ба маводҳо, маснуот, маводи борҷома ва ёрирасон, ки ба маҳсулоти хӯрокворӣ алоқамандӣ доранд татбиқ карда мешавад.

Дар банди 2, моддаи 13 Қонуни мазкур, нисбат ба ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагон, таҳвилкунандагон дар доираи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ чунин қайд карда шудааст: «Шахсони воқеї ва ҳуқуқї, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалї менамоянд, ўњдадоранд, ки њангоми истењсол ва ба муомилот баровардани мањсулоти хурокворї низоми тањлили хатарњо ва назорат дар нуқтаҳои назорати тањдидомез ваё дигар низоми таъмини бехатариро љорї намоянд».

Барои таъмини шароити истеҳсолоти маҳсулоти ватании рақобатпазир, минбаъд фаровон намудани молу маҳсулоти босифати бехатари аҳамияти энергетикидошта дар бозорҳои истеъмолӣ, дар саноат ҷорӣ кардани истеҳсолот бо усулҳои муосир ва шаклу тартиботи идоракунии сифат, муҳити солими зист, сарфаи захираҳои моддӣ ва энергетикӣ «Барномаи давлатии «Сифат» дар солҳои 2013-2015» қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2012, таҳти рақакми 512 тасдиқ гардид, ки он бомуваффақият ба иҷро расид.

Вазифаҳои асосии Барномаи давлатӣ инҳо буданд:
- дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрӣ ва техникӣ, меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартизатсия;
- гузаронидани сертификаткунонии маҳсулот, низоми идоракунии сифат, низоми идоракунии муҳити зист, бо мақсади тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи давлатӣ ва байналмилалӣ;
- дар корхонаҳои ҷумҳурӣ дар амал ҷорӣ намудани таъминоти технологияи муҳофизаткунандаи захираҳои моддӣ ва аҳамияти энергетикидошта;
- ҳавасмандсозии истеҳсоли намудҳои нави молҳои рақобатпазир;
- истеҳсоли навъҳои нави маҳсулоти рақобатпазир;
- инкишофи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартизатсия, аз ҷумла дар доираи захираҳои моддӣ ва ҳифзи энергетикӣ;
- дар амал татбиқ намудани сохтори таълим ва омодасозии мутахассисон дар доираи сифат;
- амалисозии шакл ва усулҳои идоракунии сифат дар ҳама самтҳои истеҳсолот;
- рушди сохтори тасдиқи мутобиқати маҳсулот, хизматрасонӣ, сохтори идоракунии ҳайати кормандон, бо назардошти талаботи байналмилалӣ;
- тартиб додани санадҳои меъёрию техникӣ ва ҳуҷҷатҳои таъминкунандаи амалкарди сохтори ваколатдиҳӣ ва тасдиқи мутобиқат;
- ба амал баровардани таъминоти иттилоотӣ дар доираи сифат ва рақобатпазирӣ;
- фаъолгардонии тарғибот дар доираи идоракунии сифат дар ҳама самтҳои фаъолият.

Барномаи давлатӣ самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ ва дигар ташкилоти давлатии тобеъ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои хоҷагидори ҳама шаклҳои моликият дар доираи баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро бо мақсади ривоҷ додани содироти молу маҳсулот ва қонеъ намудани фармоиши истеъмолкунандагон муайян менамояд.

Шумораи умумии корхонаҳое ки дар онҳо низоми идоракунии ҷорӣ карда шудааст ва дорои сертификати мутобиқат ба талаботи стандартҳои байналхалқӣ мебошанд, дар шароити имрӯза, аз зеринҳо иборатанд:
- ИСО 9001 - 131 корхонаҳое, ки аз ин шумора 127-то соҳиби сертификат мебошанд;
- ИСО 14001 - 1 корхона;
- OHSAS 18000 - 2 корхона;
- ИСО 22000 - 4 корхона;
- НАССР - 24 корхонаи сектори истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ин шумора 21 корхона соҳиби сертификат мебошанд.

Афзалиятҳо аз сертификаткунонӣ бо стандарти ИСО 9000

Ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат барои равандҳои дохилии бисёр корхонаву ташкилот манфиат мерасонад. Ин омил ҳамчунин барои равандҳои беруна низ имконоти қулай фароҳам месозад.

Афзалиятҳо барои равандҳои дохилӣ:
• Диққати ҷиддӣ ба истеъмолкунандагон ва муайянсозии равандҳои дохили ширкат;
• Баланд бардоштани ӯҳдадориҳои роҳбарият ва қабул намудани қарор;
• Беҳтарсозии шароити кории кормандон;
• Баланд бардоштани мақоми кормандон;
• Паст намудани хароҷоти нуқсоновари дохилӣ (азнавтақсимсозии камтар, раддияҳо) ва нуқсонҳои беруна (аҳёнан баргардони мол аз тарафи истеъмолкунандагон, ивазкунии маҳсулот);
• Мукаммалсозии доимии низоми идоракунии сифат.

Афзалиятҳо барои равандҳои беруна:
• Истеъмолкунандагон боварии комил доранд, ки соҳиби маҳсулоти ҷавобгӯй ба талаботашон мегарданд ва ин омил дар навбати худ қаноатмандии бештари онҳоро боис мегардад;
• Беҳтарсозии имиҷи ширкат;
• Ширкати нисбатан агрессиявии тарғиботӣ, чун истеъмолкунанда метавонад аз манфиатҳои корчаллонӣ бо ширкате ки сифати маҳсулоти худиро идора мекунад, огоҳӣ пайдо намояд;
• Баланд бардоштани боварии истеъмолкунандагон ба он, ки маҳсулоти ширкат (корхона) ба талаботи меъёрии қонунгузорӣ ҷавобгӯй мебошад;
• Нишон додани далелҳои исботкунандаи боварибахшу мушаххас ба даъвою иддао доир ба масъулияти истеҳсолкунанда, дар сурати аз тарафи истеъмолкунанда пешниҳод шудани он.

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...