Маркази матбуот

Шӯъбаи матбуот

Шӯъбаи матбуот ҷузъи мустақили Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади мустақиман анҷом додани корҳои тарғиботию ташвиқотии Агентӣ ва зерсохторҳои дар минтақаҳо амалкунандаи он таъсис дода шудааст.

Шӯъба фаъолияти худро мутобиқи Низомномаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №615 тасдиқ шудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот», Низомномаи мазкур ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда анҷом медиҳад.

Шуъбаи матбуот якҷоя бо воҳидҳои сохтории Агентӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион маводҳоеро, ки фаъолияти Агентӣ ва амали муҳимтарин санадҳои қонунгузориро тарғибу ташвиқ мекунанд, чоп ва дар эфир пахш менамояд. Њамзамон маводҳои чопгардида ва дар радиою телевизион пахшшударо, ки ба фаъолияти Агентӣ дахл доранд, таҳлил ва ҷамъбаст мекунад.

Илова бар ин, оид ба баромади шахсони мансабдор ва ё мутахассисони соҳа дар матбуот, радио ва телевизион таклифу маводҳо пешниҳод намуда, доир ба ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ барпо менамояд.

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...