Шӯъбаи назорати давлатӣ дар молҳои ниёзи мардум

МУҚАРРАРОТИ УМУМЇ

1) Шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва њуљљатњои мепъёрї-техникї дар молњои ниёзи мардум дар ососи Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Љумҳурии Тољикистон», Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳои Љумҳурии Тољикистон, Низомномаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон, ки он бо қарори Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон аз 28 декабри соли 2006, № 615 тасдиқ карда шудааст. Қарори Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон аз 4 сентябри соли 2014, № 579 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон таҳия гардида вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифа, функсия, тартиби фаъолияти шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ дар саноати вазнин Агентии Тољикстандарт шӯъбаро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти шӯъба ба танзим медарорад.

2) Шӯъба таҳти роҳбарии директори Агентӣ, муовинони ӯ ва сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ тибқи тақсимоти вазифаҳо фаъолият мекунад.

3) Шӯъбаро сардори он, ки бо фармоиши директори Агентӣ тибқи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ мекунад.

4) Шӯъба шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иљроияи таъминкунандаи фаъолияти Агентии Тољикстандарт мебошад.

СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШӮЪБА

1) Низомномаи шӯъба бо формоиши директори Агентии Тољикстандарт тасдиқ карда мешавад.

2) Шӯъба аз сардор, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон иборат мебошад.

3) Сардори шӯъба барои тамоми фаъолияти шуъба шахси масъул мебошад.

4) Мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон аз љониби директори Агентии Тољикстандарт ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

5) Сохтор ва кормандони Шӯъба бо назардошти вазифа ва ваколатҳои дар ин низомномаи мазкур муайян шуда аз тарафи директори Тољикстандарт тасдиқ карда мешавад.

ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШӮЪБА

1) Гузаронидани назорати давлатӣ бо инобат гирифтан ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ новобаста аз шакли моликият.

2) Гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуљљатҳои меъёрии техникӣ ва ҳуљљатҳои меъёрии техникӣ дар ҳамаи марҳилаҳои љараёни истеҳсоли маҳсулот аз лоиҳакашӣ то несту нобудсозии он.

3) Иштирок дар корҳои ваколатдиҳӣ, сертификатсия ва намудҳои гуногуни ташхисҳо дар доираи ваколатҳои додашуда.

4) Амалӣ намудани кумаки ташкилӣ методӣ ба корхонаҳои назоратшаванда дар соҳаи бамеъёрдарорӣ ва стандартонӣ дар ҳамаи марҳилаи истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ.

5) Объектҳои назорати давлатӣ инҳо мебошанд:
- маҳсулот, љараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фуруш, истифодаи партовҳои он, иљрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ;
- ҳуљљатҳои меъёрии техникии маҳсулот;
- љараёнҳои технологии истеҳсолот ва ташҳиси маҳсулот;

5) Субъектҳои назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои технткӣ ва ҳуљљатҳои меъёрии техникӣ инҳо мебошанд:
- шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсонӣ воқеӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд новобаста аз шакли моликият, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд ба ҳисоб мераванд.

6) Шӯъбаи мазкур мувофиқи талаботи Реглементи техникии Љумњурии Тољикистон «Бехатарии мањсулоти таъиноти кўдакон ва наврасон», «Бехатарии борљома», амал мекунад.

1. Регламенти техникии «Бехатарии мањсулоти таъиноти кўдакон ва наврасон» (минбаъд – Регламенти техникї), бо маќсади дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон муќаррар намудани истифода ва иљрои талаботи ягонаи њатмї ба мањсулоте, ки барои кўдакон ва наврасон таъин гардидаанд, тањия шудааст.

2. Регламенти техникии «Бехатарии борљома» (минбаъд – Регламенти техникї) бо маќсади дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон барќарор намудани талаботи њатмии ягона барои истифода ва иљрои талабот ба борљома (воситањои бастабандї), таъмини љойгиркунонии озоди борљомањои (воситањои бастабандї) дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба муомилот баровардашаванда тањия шудааст.

Регламенти техникӣ барои истифода ва иљро дар ќаламрави Љумҳурии Тољикистон талаботи ҳатмиро нисбат ба маҳсулот, мақсадҳои зеринро муқаррар менамояд:
- ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, амволи давлатӣ, моликияти шахсои воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
- ҳифзи муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва наботот;
- пешгирии амалњое, ки харидоронро ба иштибоњ меандозанд.

ВАКОЛАТҲОИ ШӮЪБА

Шӯъбаи мазкур дорои чунин ваколатҳо мебошад:
- пешбурди фаъолият оид ба соҳаи бамеъердарории техникӣ ва стандартонӣ;
- паҳн намудани стандартҳои байналмилалӣ, қоида ва дастурҳои соҳаи стандаотонӣ;
- таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ барои мафодҳои сохтмонӣ;
- амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламетҳои техникӣ, инчунин риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон, ҳимояи муҳити зист, қобили рақобатнок будани молу маҳсулот, ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва манфиати давлат;
- иштирок дар таҳияи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатӣ;
- иштирок дар гузаронидани экспертиза ва тасдиқи реглментҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ;
- пешгирӣ ва муайянкунии сабабҳои вайронкунии талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуљљатҳои меъёри-техникӣ, ки ба маҳсулот тибқи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқбарои субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият муқаррар карда шудаанд;
- баланд бардоштани сифати масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ;
- кумак расонидан ба корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ љиҳати љорӣ намудани низоми назорати сифат ва бехатарӣ дар истеҳсолот тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ;

ҲАМКОРИҲО


1) Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ;
2) Шӯрои ҳамоҳангсози оид ба бехатарии маҳсулот ва мвснуоти сохтмонӣ
3) Шӯрои ҷамъиятии машвартӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат;
4) Ассосиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Тамос

Муовини Директор
Саидзода Каромат Назарӣ
Тел: (+992 37) 233-84-44
Факс: (+992 37) 233-44-99
е-mail: info@standard.tj


Сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ
Раҳимзода Ҷурахон Раҳмоил
Тел: (+992 37) 233-58-88
Факс: (+992 37) 233-44-99
е-mail: jurahon_st@mail.ru


Сардори шӯъбаи назорати давлатӣ дар молњои ниёзи мардум
Мавлонзода Абдуќањор Ѓаффор
Тел: (+992 37) 233-05-76

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...