Барқияҳо

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиши газ дар ду кони ангишти вилояти Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин фоҷеаи ҳузнангез тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».