Сертификатсияи кору хизматрасонӣ

ШУЪБАИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНӢ ВА ШАҲОДАТНОМАДИҲИИ КОРУ ХИЗМАТРАСОНИИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ

Шуъбаи сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ қисми сохтории Тоҷикстандарт ба ҳисоб рафта, барои ташкил ва гузаронидани корҳои сертификатсиякунонии ҳатмӣ ва ихтиёрии кору хизматрасонӣ, таъмини сатҳи зарурии воқеъият ва саҳеҳияти натиҷаҳои сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ таъсис дода шудааст.

Сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии ҳатмии иншоотҳои хизматрасон дар системаи сертификатсиякунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасониҳое ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад.

Ҳамчунин шуъба сертификатсиякунонии ихтиёрӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасониро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

Ба вазифаҳои асосии шуъба дохил мешавад:
- ташкил ва гузаронидани корҳо оиди сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ мувофиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ;
- таъмини риояи қоидаҳои сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ;
-ташкил ва идора кардани реестри давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсиякунонии кору хизматрасонӣ;
- мутобиқи системаи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасониро дар ҳама иншоотҳо, объектҳо, новобаста аз шакли моликияташон амалӣ намуда, иштироки мақомоти идораи давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳоро дар ин самт эътироф менамояд;
- ба табъ расонидани иттилооти расмӣ оиди масоили сертификатсиякунонӣ ва шаҳодтномадиҳии кору хизматрасонӣ дар ВАО ва сайтҳои интернетӣ.

Ба корҳои сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳӣ дохил мешаванд:
-қабул ва баррасии аризаҳо;
-мувофиқи ариза қабул кардани қарор (хулосабарорӣ)
-баҳодиҳӣ ба раванди хизматрасониҳо (таҳлили ҳуҷҷатҳои воридшуда, ташхис ва муоинаи органолептикӣ);
-таҳлили натиҷаҳои пешниҳодшуда ва қабул намудани қарор дар бораи имконияти додани сертификат ва шаҳодатнома ба он кору хизматрасонӣ;
-сертификаткунонӣ ва шаҳодатномадиҳӣ.

Барои ба расмият даровардани сертификат ва шаҳодатномаҳои муассисаҳои хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои савдое, ки ба фурӯши маҳсулотҳои хӯрокворӣ машғуланд, ҳуҷҷатҳои зерин истифода мешаванд:
-Қарори Ҳукумати шаҳр, ноҳия оиди ташкил намудани нуқтаи савдо ва хӯроки умумӣ ё шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, шартномаи иҷора ва дигар намуди ваколатҳо оиди истифодаи иншоот;
-хулосаи хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ.

Барои ба расмият даровардани сертификат ва шаҳодатномаҳои муассисаҳо ва нуқтаҳои савдое, ки ба фурӯши маҳсулотҳои ғайрихӯрокворӣ машғуланд, ҳуҷҷатҳои зерин истифода мешаванд:
-Қарори Ҳукумати шаҳр, ноҳия оиди ташкил намудани нуқтаи савдо ва хӯроки умумӣ ё шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, шартномаи иҷора ва дигар намуди ваколатҳо оиди истифодаи иншоот;

Барои ба расмият даровардани сертификат ва шаҳодатномаҳои муассисаҳо ва корхонаҳои соҳаи алоқа, туризм ва сайру саёҳат, фароғатӣ ҳуҷҷатҳои зерин истифода мешаванд:
- Қарори Ҳукумати шаҳр, ноҳия ё шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, оиннома, шартномаи иҷора;
-иҷозатнома оиди фаъолият:

Ҳамкориҳо ва дастовардҳо

Шуъба, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва малакаи касби кормандони соҳаҳои хизматрасон бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт дар якҷоягӣ бо Ассосиатсияи тарабхонадорон ва меҳмонхонадорон ва мактаби миллии туризм курсҳои кӯтоҳмуддати “Пешхизмати тарабхона”, “Туризм ва сайру сайёҳат”, “Корманди меҳмонхона” ташкил дода шудбуд, ки аз давраи ташкил шудани курсҳои номбурда то имрӯз зиёда аз 920 нафар шунавандагон соҳиби маълумоти касбӣ шуда, дар соҳаҳо фаъолият доранд. Имрӯз бошад чунин курсҳо бо иштироки худи роҳбарони ин муассисаҳо гузаронида шуда истодаанд.

Телефон барои тамос: (+992 37) 233-65-67 сардори шуъба Саидзода А.

(+99244) 600-81-38 муовини сардори шуъба Ғуломзода Ҳ.Р.

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...