Шӯъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнин

 

Шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар саноати вазнин

 

МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

1) Шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ дар саноати вазнин дар ососи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 615 тасдиқ карда шудааст. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, № 579 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифа, функсия, тартиби фаъолияти шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ дар саноати вазнин Агентии Тоҷикстандарт шӯъбаро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти шӯъба ба танзим медарорад.

2) Шӯъба таҳти роҳбарии директори Агентӣ, муовинони ӯ ва сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ тибқи тақсимоти вазифаҳо фаъолият мекунад.

3) Шӯъбаро сардори он, к ибо фармоиши директори Агентӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ мекунад.

4) Шӯъба шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иҷроияи таъминкунандаи фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт мебошад.

2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ШӮЪБА

1) Низомномаи шӯъба бо формоиши директори Агентии Тоҷикстандарт тасдиқ карда мешавад.

2) Шӯъба аз сардор, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон иборат мебошад.

3) Сардори щӯъба барои тамоми фаъолияти шуъба шахси масъул мебошад.

4) Мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби директори Агентии Тоҷикстандарт ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

5) Сохтор ва кормандони Шӯъба бо назардошти вазифа ва ваколатҳои дар ин низомномаи мазкур муайян шуда аз тарафи директори Тоҷикстандарт тасдиқ карда мешавад.

3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШӮЪБА

1) Гузаронидани назорати давлатӣ бо инобат гирифтан ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ новобаста аз шакли моликият.

2) Гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар ҳамаи марҳилаҳои ҷараёни истеҳсоли маҳсулот аз лоиҳакашӣ то несту нобудсозии он.

3) Иштирок дар корҳои ваколатдиҳӣ, сертификатсия ва намудҳои гуногуни ташхисҳо дар доираи ваколатҳои додашуда.

4) Амалӣ намудани кумаки ташкилӣ методӣ ба корхонаҳои назоратшаванда дар соҳаи бамеъёрдарорӣ ва стандартонӣ дар ҳамаи марҳилаи истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ.

5) Объектҳои назорати давлатӣ инҳо мебошанд:
- маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фуруш,
- истифодаи партовҳои он, иҷрои корва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ;
- ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии маҳсулот;
- ҷараёнҳои технологии истеҳсолот ва ташҳиси маҳсулот;

5) Субъектҳои назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои технткӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ инҳо мебошанд:
- шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсонӣ воқеӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд новобаста аз шакли моликият, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд ба ҳисоб мераванд.

6) Шӯъбаи мазкур мувофиқи реглементи техникии бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ амал мекунад. Регламенти техникии бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ (минбаъд – Регламенти техникӣ) ба масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ (минбаъд – маҳсулот), ки барои истеҳсол ё сохтани таркиботи (конструксияҳои) сохтмонию системаҳои дохилии муҳандисии биноҳо ва дигар иншооти сохтмонӣ истифода бурда мешаванд, татбиқ гардида, талаботи техникии риояашон ҳатмии марбут ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва коркарди партовҳои онро дар бар мегирад.

Регламенти техникӣ барои истифода ва иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи ҳатмиро нисбат ба маҳсулот бо мақсадҳои зерин муқаррар менамояд:
- ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, амволи давлатӣ, моликиятишахсои воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
- ҳифзи муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва наботот;
- пешгирии амалҳое, ки харидоронро ба иштибоҳ меандозанд.

4. ВАКОЛАТҲОИ ШӮЪБА

Шӯъбаи мазкур дорои чунин ваколатҳо мебошад:
- пешбурди фаъолият оид ба соҳаи бамеъердарории техникӣ ва стандартонӣ;
- паҳн намудани стандартҳои байналмилалӣ, қоида ва дастурҳои соҳаи стандаотонӣ;
- таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ барои мафодҳои сохтмонӣ;
- амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламетҳои техникӣ, инчунин риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон, ҳимояи муҳити зист, қобили рақобатнок будани молу маҳсулот, ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва манфиати давлат;
- иштирок дар таҳияи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатӣ;
- иштирок дар гузаронидани экспертиза ва тасдиқи реглментҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ;
- пешгирӣ ва муайянкунии сабабҳои вайронкунии талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёри-техникӣ, ки ба маҳсулот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқбарои субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият муқаррар карда шудаанд;
- баланд бардоштани сифати масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ;
- кумак расонидан ба корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми назорати сифат ва бехатарӣ дар истеҳсолот тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ;

ҲАМКОРИҲО


1) Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизация, метрология ва сертификатсияи ИДМ;
2) Шӯрои ҳамоҳангсози оид ба бехатарии маҳсулот ва мвснуоти сохтмонӣ
3) Шӯрои ҷамъиятии машвартӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат;
4) Ассосиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Тамос

Муовини Директор
Шерзода Ситора Ҷалол
Тел: (+992 37) 233-84-44
Факс: (+992 37) 233-44-99
е-mail: info@standard.tj

Сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ
Раҳимзода Ҷурахон Раҳмоил
Тел: (+992 37) 233-58-88
Факс: (+992 37) 233-44-99
е-mail: jurahon_st@mail.ru

Сардори шӯъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнин
Боймадзода Аламхон
Тел: (+992 37) 233-45-69

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...