Озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ

Озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ

Озмоишгоњи ташхиси сертификатсионии мањсулоти нафтї, ќисми таркибии сохтори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад. Озмоишгоњи ташхисии марказї, Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои (МСМС ва НС) вилоятњои Суѓду Хатлон, Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои (РСМС ва НС) вилояти Мухтори Бадахшони Куњї ва шањри Кўлоб, Маркази ташхиси минтаќавии (МТМ) Шањритус, Истаравшан, Исфара, Панљакент, Турсунзода, Лахш дар фаъолияти худ, ба сифати роњнамо Конститутсия ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Регламенти техникї «Талабот ба бехатарии бензини автомобилї, сўзишвории дизелї, мазут ва сўзишворї барои муњаррикњои реактивї», њуљљатњои меъёрию њуќуќии байналмиллалї, ки дар Љумњурии Тољикистон эътироф шудааст, амали мегардонад. Озмоишгоњи ташхисї дорои «Шањодатномаи ваколатии озмоишгоњи санљишї» буда, аз тарафи системаи миллии сертификатсияи Љумњурии Тољикистон њамчун озмоишгоњи дорои салоњияти техникї ва мустаќил ба стандартњои ИСО/МЭК 17025-2009, ИСО/МЭК 9001-2001, ИСО/МЭК 9004-2001 аккредитатсия шудааст. Озмоишгоњњои номбар шуда, тибќи доираи ваколати худ ва талаботњои стандартњои умумиљањонию давлатї оиди усулњои гузаронидани ташхисњо бо таљњизот, асбобу лавозимотњои озмоишї љињозонида шудааст. Устувории детонатсионї мутобиќи стандартњои ГОСТ 8226 ва ГОСТ 511 дар дастгоњи «УИТ-65» ва «УИТ-85», њарорати аланга дар зарфи кушода ва зарфи пўшида дар асбоби «ТВ-1» ва «ТВ-2» тибќи стандартњои ГОСТ 4333, ГОСТ 6356; миќдори сулфури таркиби мањсулоти нафтї дар таљњизоти «АСЭ-1» бо СТ РТ ГОСТ Р 51947-2007; миќдори об ва таркиби фраксионї мутобиќи стандартњои ГОСТ 2477; ГОСТ 2177; часпакии кинематикї тибќи стандарти ГОСТ 33 бо истифодаи асбоби ёрирасон барои муњаё намудани шароити мувофиќ – «термостат ВИС-Т-05» муайян мегардад; чуќурии даромади сўзан, ёзиш ва мулоимшавї бо ёрии «Њалќа ва Саќќо» дар битумњои нафтї мутобиќи стандартњои ГОСТ 11501-78; ГОСТ 11505-75; ГОСТ 11506-73 муайян мегардад. Ба номгўи мањсулотњои санљида шаванда дар ќатори бензини автомобилї, сўзишвории дизелї, печї, равѓанњои молидании наќлиётии гуногун, моеъи наќлиётї, битуми нафтї, моеъњои хунуккунандаи дорои њарорати яхбандии паст - «Антифриз», «Тосол» ва ѓайра дохиланд.

Яъне, ташхисњо оиди муайян намудани нишондињандаи сифат дар бензинњои автомобилї: адади октанї, таркиби фраксионї, зичї, миќдори сулфур; дар сўзишворињои дизелию печї: часпакии кинематикї, миќдори об, ѓашњои механикї, њарорати аланга дар зарфи пўшида, зичї, миќдори сулфур; дар равѓанњои молидании наќлиётию саноатї, энергетикї: њарорати аланга дар зарфи кўшода, часпакии кинематикї, зичї миќдори об, ѓашњои механикї; дар битумњои нафтї: даромади чуќурии сўзан, ёзиш ва њарорати мулоимшавї бо ёрии «Њалќа ва Саќќо»; дар «Антифриз» ва «Тосол»: њарорати яхбандї, миќдори этиленгликол, зичии он муайян мешавад.

Дар озмоишгоњи ташхиси мањсулоти нафтии марказ сардор, сармутахассис ва мутахассиси соњавї санљиш ва ташхисњои сертификатсионї мегузаронанд. Њадафи асоси кормандони озмоишгоњњо њимояи бозори истеъмолии Љумњурии Тољикистон аз воридот ва ба фурўш баровардани мањсулоти нафтии ѓайристандартї, таъмин намудани бехатариивазъи экологї мебошад.

Кормандони озмоишгоњи ташхиси мањсулоти нафтии марказ дар такмил додани дониши кормандони озмоишгоњњое, ки бо роњхати роњбарони марказњои минтаќавию вилоятии зерсохторњои Агентии Тољикстандарт равона мегарданд, сањмгузоранд.

Дар озмоишгоњ хоњишмандон метавонанд маслињатњои касбї оиди ќабул, нигоњдорї ва истеъмоли мањсулоти нафтї, талабот нисбати сўзишворї, дастрас намояд.

Суроѓаи мо: шањри Душанбе, кўчаи Неъмат Ќаробоев 42/2,

тел. (+992 37) 233-58-92, факс (+992 37) 234-19-33

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...