Нозироти пахта ва пилла

 

   Нозирот оид ба ташхис, сертификатсия ва назорати маҳсулоти пахта ва пилла

Нозироти пахта

Сохтор

Дар сохтори Нозирот оид ба ташхис, сертификатсия ва назорати маҳсулоти пахта ва пилла (минбаъд Нозирот) марказ ва бахшҳои зерин фаъолият менамоянд:

Маркази маљмаавии ташхис ва сертификатсияи маҳсулоти пахта ва пилла;

Бахши назорати риояи талаботи регламентҳои техникї ва ҳуљљатҳои стандартонии соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла;
Бахши лоиҳакашї ва омодасозии ҳуљљатҳои илмї, лоиҳавї ва сметавии корхонаҳои коркарди соҳа;

Бахши Нозироти пахта ва пилла дар вилояти Суѓд;

 

Самти фаъолият

Нозироти пахта дар фаъолияти худ Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, санадҳои меъёрии ҳуќуќии байналмиллие, ки Љумҳурии Тољикистон онҳоро эътироф кардааст, ќонунҳои конститутсионї, кодексҳо ва ќонунҳои Љумҳурии Тољикистон, ќарорҳои якљояи маљлиси миллї ва маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љуҳурии Тољикистон, фармону амрҳои Президенти Љумҳурии Тољикистон, ќарорҳои ҳайати мушовара, фармоиш ва супоришҳои Директории Агентии Тољикстандарт, инчунин Низомномаи Раёсати мазкурро ба асос ва роҳбарї мегирад.

Нозироти пахта вобаста ба фаъолияти худ дорои чунин ваколатҳо мебошад:
таҳия, ташкили кор оид ба тасдиќи регламентҳои техникї, стандартҳо ва шартҳои техникї барои маҳсулоти пахта ва пилла;
паҳн намудани стандартҳои байналмилалї, минтаќавї, давлатї, ќоида ва тавсияҳо дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти пахта ва пилла;
амалї намудани назорати давлатии риояи талаботҳои регламентҳои техникї ва ҳуљљаҳои меъёрии техникї, бехатарии маҳсулот, ќоидаҳои сертификатсияи ҳатмї, бехатарии ҳаёт, саломатї ва моликияти шаҳрвандон, ҳимояи муҳити зист, раќобатпазирии маҳсулот, ҳимояи ҳуќуќї истеъмолкунандагон ва манфиатҳои давлатї;
иштирок дар санљишҳои маќомотҳои ҳифзи ҳуќуќ, иљроияи ҳокимияти давлатї љиҳати мукаммалсозии тартиби
тасдиќи мутобиќати молҳои истеъмолї ва хизматрасонї ба талаботи муќарраргардида;
гузаронидани экспертизаи стандартҳои миллї, байнидавлатї ва дигар ҳуљљатҳои меъёрии техникии соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла;
пешгирї ва муайянкунии сабабҳои риоя накардани талаботи регламентҳои техникї ва дигар ҳуљљатҳои меъёри техникї;
баланд бардоштани сифат ва бехатарии маҳсулот;
баррасї намудани арзу шикоятҳои шаҳрвандон;
пешбурди коргузорї дар Нозироти пахта.
Бо маќсади иљрои ваколатҳои пешбинишуда Нозироти пахта вазифаҳои зеринро иљро менамояд: таҳияи наќшаҳои корї оид ба гузаронидани назорати давлатї;
гузаронидани назорати давлатї оид ба риояи талаботҳои регламентҳои техникї ва ҳуљљатҳои меъёрии техникї, шартҳоитехникӣ, меъёр-намунаҳо, дастурамалҳоитехнологӣ, ќоидаҳовадигарҳуҷҷатҳоимеъёриитехнологӣдарҳамаимарҳилаҳоиљараёниистеҳсолимаҳсулотипахтавапилла;
иштирокдаркорҳоиваколатдиҳїваташхисҳодардоираиваколатҳоидодашуда;
гузарониданиташхисҳоисертификатсионїваҳакамии (арбитражї) маҳсулотипахта ва пилла;

ташкил, ба наќшагирӣ ва мутобиқкунонии корҳо оид ба стандарти кунонии маҳсулоти пахта ва пилла;

омодасозии маводҳои илмӣ-техникӣ, тарҳрезии корхонаҳои коркарди аввалияи пахта тибќи дархост;

иштирок дар таҳия ва тадбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи пахтакорӣ ва пиллапарварӣ;

тайёр намудани эталон-намунаҳои маҳсулоти пахта ва пилла;

таҳияи ҳисоботҳо оид ба фаъолияти Нозироти пахта ва сохторҳои тобеъи он;

расонидани кўмаки методї ба марказҳои зертобеъи Агентии Тољикстандарт;
амалїнамудани кўмаки методї ба субъектҳои хољагидор дар соҳаи стандартонї, сертификатсияи маҳсулоти пахта ва пилла;

бо маќсади самаранокии корҳо оид ба огоҳкунї ва пешгирии ҳуќуќвайронкунї дар соҳаи стандартонї ва баҳодиҳии маҳсулоти пахта ва пилла Нозироти пахта метавонад бо дигар маќомотҳои ҳифзи ҳуќуќ, иљроияи ҳокимияти давлатї ва ташкилотҳои љамъиятї тибќи ќонунгузории Љумҳурии Тољикистон ҳамкорї намояд.

 

Дастовардҳо

Бо маќсади баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанї, таҳкими истеҳсолоти маҳсулотиворидотивазкунанда ва рушди содирот мутахасиссони Нозироти пахта тамоми чораҳои заруриро андешида, мутазам кўшиш менамоянд, ки истеҳсоли маҳсулотти раќобатпазир дар бозори истеҳсоли зиёд гардад.

          Љињати татбиќи Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи  бањодињии мутобиќат ва њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон дар 12 моњи  соли 2017 аз тарафи озмоишгоњи Нозироти пахта нисбати 67685,95 тонна нахи пахта, 69412,4 тонна мањсулоти пахта, 15020,8тонна ресмони пахтагї ва 244,39 тонна пилла ва мањсулоти пилла корњои сертификатсионї гузаронида шуд. Дар маҷмуъ аз тарафи Нозироти пахта 152363,54 тонна маҳсулот сертификатсия карда шудааст.

        Бо маќсади иљрои ќарори Њукумати Љумҳурии Тољикистон №84 аз 17 феврали соли 2001 “Дар бораи тадбирњои танзими назорати сифати мањсулоти пахта” ва назорати риояи талаботи стандартњои давлатї аз ҷониби мутахассисони Нозироти пахта дар њамбастагї бо вазорату идорањои дахлдор дар корхонаҳои коркард  риояи талаботњои стандартњо ва меъёрњои коркарди пахтаи тухмї ва истеҳсоли чигити тухмӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

        Тибқи маълумотҳои ҷамъовардашуда дар љумњурї барои кишти пахтаи соли 2017 ба миќдори 35200 тонна пахтаи тухмї аз рўи 38 навъи селексионӣ захира ва коркард карда шуда аз он 18022 тонна чигити тухмӣ  истењсол карда шудааст.

         Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар корхонаҳои коркарди аввалияи пахтаи вилояи Хатлон 20254 тонна пахтаи тухмӣ захира ва коркард шуда аст. Ҳамзамон 4954 тонна пахтаи дигар дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчун тухмӣ захира ва дар сехҳои хурд коркард шудааст.

       Санљишҳо муайян намуданд, ки аз миќдори умумии пахтаи тухмии  захирашуда 11559 тонна ё  46 фоиз пахтаи тухмии репродуксионї буда 13649 тонна ё  54 фоизашро пахтаи тухмии шартї ташкил медињад. Муайян карда шуд, ки 39 фоиз ё 9842 тоннаи пахтаи ҳамчун тухмӣ захирашуда навъњои мањаллї ва 60,9 фоиз ё 15366 тоннааш бошад навъњои хориљиро ташкил медињад.         

           Бо маќсади иљрои Наќшаи санљиши фаъолияти субъектҳои хољагидор барои соли 2017 мутахассисони Нозироти пахта дар 73  корхонаи коркарди аввалияи пахта,  16 нуќтаи пиллаќабулкунї  ва 10  корхонаи ресандагї назорати риояи талаботи стандартњои давлатї ва меъёрҳоро гузаронида  дар  кори комиссияњо оид ба ваколатдиҳии озмоишгоҳҳои  ташхиси маҳсулоти пахта  иштирок карданд..

         Дар соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Нозирот инчунин ҷамъбасти захира, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр мавриди таҳлил қарор дода шуда тавозуни захира, коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулот аз ҳосили соли 2016 омода карда шуд. 

Мувофиќи маълумотҳо дар њосили соли 2016 аз ҷониби хоҷагињои пахтакор 284708 тонна (аз он чумла вилояти Суғд 85589 тонна, вилояти Хатлон 193049 тонна ва НТМ 6059 тонна) пахта истењсол ва ҷамъоварї карда шудааст. Дар корхонаҳои коркарди пахта 238001,9 тонна  ва дар коргоњњои хурд бошад 17704,9 тонна пахта коркард шудааст. Дар маҷмуъ дар ҷумњурї 255706,8 тонна пахта ба коркарди саноатӣ фаро гирифта шудааст, ки 89,8%-и пахтаи чамъовардашударо ташкил медиҳад. Тафовут байни ҷамъоварї ва коркарди саноатии пахта дар ҷумҳурӣ  29001,2 тоннаро ташкил медињад. 

Қайд кардан зарур аст, ки тафовут асосан аз ҳисоби ба коркард равон накардани пахта ба вуҷуд омада бошад ҳам, вале омилҳои номукаммалии баҳисобгирии оморӣ низ вуҷуд доранд.   

Таҳлили баромади маҳсулоти пахта дар корхонањои коркарди ҷумҳурӣ нишон дод, ки баромади нах дар миқёси ҷумҳурӣ 34,6%-ро ташкил дода нисбати меъёрҳои тасдиқгардида 0,1% ё 162,3 тонна (дар вилояти Суғд 0,2 % ё 132,6 тонна зиёд,  дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баробар ва дар вилояти Хатлон 0,02 % ё 29,7 тонна нах зиёд)  зиёд мебошад.

            Дар робита ба масъалаи баҳисобгирии пахта мутахассисони агентӣ дар маҳалҳо корњои фањмондадињї ва амалиро ба роњ монда нисбати корхонањое, ки ба риоя накардани стандартњои амалкунанда роҳ медиҳанд тибқи  ќонунгузорї чорањои зарурї  андешида мешавад.

         Тањлили муқоисавии истеҳсол ва сертификаткунонии маҳсулоти пахта аз ҳосили соли 2016 дар корхонањои коркарди аввалияи пахта муайян намуд, ки иљроиши корњои сертификатсионї беҳтар гардида  нахи пахта 82,7%, маҳсулоти патдори корхонаҳо 94,6% ва чигити техникӣ  85,0%-ро ташкил медиҳад.

       Пахтакорї дар ҷумњурї чун соњаи асосии кишоварзї ҷињати ташаккули иќтисодиёт ва хоҷагии халќи Тоҷикистон ањамияти калон дорад.

      Бояд гуфт, ки зиёд намудани истењсоли пахта ва коркарди пурраи он дар дохили кишвар яке аз воситањои асосии рушди саноати сабук ва хўрокворї, самаранокии иќтисодиёт, зиёд намудани иќтидори содироти мол, воридоти сармоя, ѓанї гардондани даромади буҷети давлат ва бо кори доимї таъмин намудани ањолии ќобили мењнати шањру дењоти мамлакат ва баланд бардоштани некўањволии онњо ба шумор меравад.          .

        Бо маќсади мукаммал намудани бањисобгирии истењсол ва коркарди пахтаи дар ҷумњурї истењсолшуда методологияи “Тартиби бањисобгирии захира, коркарди пахта ва фуруши мањсулоти пахта” тањия карда шуда,  аз тарафи маќомотњои дахлдор тасдиќ гардидааст.  

            Ҳангоми гузаронидани назорати давлатӣ маълум гардид, ки дар вақти бастани шартнома байни хоҷагиҳои пахтакор бо корхонаҳои пахтатозакунӣ оиди захира, нигоњдорї ва коркарди пахта, риояи талаботи меъёрҳои баромади маҳсулотҳои пахта,  ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникии сифати пахта ба назар гирифта намешаванд. Ин омил дар вақти супоридани пахта боиси паст гардидани нархи пахта ва  ҳисоббаробаркунии маҳсулоти аз пахта истеҳсолшаванда мегардад. 

       Хољагињои пахтакор ашёи хом фурўшанд, нархи пахта (ашёи хом) аз рўи нишондињандањои навъҳои селексионї  баҳисобгирии нархи маҳсулотҳои тайёр бо назардошти фоизи баромади онҳо, хел,  навъи саноатӣ ва гурӯҳ, дар рӯзи фурӯш  дар асоси шартнома муайян карда мешавад. Тартиби муайянкунии нархҳои фурўш барои навъҳои селексионии пахта аз тарафи Мақомоти ваколатдор муайян карда шавад.  

        Бањри рушди соња, таъмини њифзи манфиатњои истењсолкунандагони пахта ва сармоягузорон, афзун намудани њаљми истењсоли пахта, бењтар намудани сифати он, самаранокии содироти нахи пахта,  амалї намудани як ќатор тадбирњо, аз он љумла:

  • риояи талаботњои чиниш ва хушккунонидани  пахта дар сањро;
  • пурра ба инобат гирифтани нишондињандањои пахта аз рўи нишондињандањои асосї њангоми фурўш мувофиќи тартиби муяйянкунии нархи пахта;
  • иштироки њатмии намояндаи субъекти хољагињои пахтакор;
  • њавасмандгардонии хоҷагињои тухмипарвар;
  • иваз намудани пахтаи шартан тухмї ба пахтаи тухмии репродуксионї;
  • барќарор намудани коргоњњои тайёр, безараргардонї, сертификатсия ва нархгузории чигити тухмї,  мувофиќи  маќсад   мебошад.

       Дар робита бо масъалаи мазкур, корњои амалї ва фањмондадињї ба роњ монда шуда, нисбати корхонањое, ки ба ќабул ва коркарди пахта машѓуланд, дар њолати мутобиќат накардани кору хизматрасонї ва мањсулоти истењсолнамудаи онњо ба стандартњои амалкунанда, шартњои техникї, тибќи тартиби муќарраргардидаи  ќонунгузорї чорањои зарурї андешида мешаванд.

 

Барои боз ҳам вусъат додани кор дар Нозирот наќшаи корї тартиб дода шуда ва барои амалї намудани он тамомї чораҳои зарурї андешида мешаванд.

Ҳамкориҳо


1. Шурои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия;
2. Шуърои љаъмиятии машваратї оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиќат;
3. Ассотсиатсиясоҳибкорони хурду миёнаи ЉумҳурииТољикистон;
4. ИттифоќиистеъмолкунандагониЉумҳурииТољикистон;

Объектҳое, ки аз ҷониби Нозироти пахта дар онҳо назорати давлатии риояи талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷатҳои стандартонӣ гузарони дамешавад, инҳомебошанд:

маҳсулот, љараёни коркард, истеҳсол, истифодабарї, нигоҳдорї, интиќол, истифодаи партовҳо, иљрои кор ва
хизматрасонї дар соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла;
ҳуљљатҳои меъёрии техникии маҳсулоти пахта ва пилла;
љараёни технологии истеҳсолот ва ташхиси маҳсулоти пахта ва пилла.

Субъектҳои назорати давлатї оид ба риояи талаботҳои регламентҳои техникї ва ҳуљљатҳои меъёри техникї дар соҳаимазкуринҳомебошанд:
- шахсониҳуќуќї, соҳибкорони инфиродї ва воќеї, шахсони воќеї ва ҳуќуќии хориљї, шахсони бешаҳрванд новобаста аз шакли моликият, ки ба ќабул, захира, коркарди пахта ва пилла, интиќол, фуруш ва содироти маҳсулоти он машѓуланд.

Ваколатҳо

- таҳия, ташкили кор оид ба тасдиќи регламентҳои техникї, стандартҳо ва шартҳои техникї барои маҳсулоти пахта ва пилла;
          - паҳн намудани стандартҳои байналмилалї, минтаќавї, давлатї, ќоида ва тавсияҳо дар соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла;
          - амалї намудани назорати давлатии риояи талаботҳои регламентҳои техникї ва ҳуљљаҳои меъёрии техникї, бехатарии маҳсулот, ќоидаҳои сертификатсия, бехатарии ҳаёт, саломатї ва моликияти шаҳрвандон, ҳимояи муҳити зист, раќобатпазирии маҳсулот, ҳимояи ҳуќуќї истеъмолкунандагон ва манфиатҳои давлатї;
           - иштирок дар санљишҳои маќомотҳои ҳифзи ҳуќуќ, ҳокимияти иљроияи давлатї љиҳати мукаммалсозии тартиби тасдиќи мутобиќати молу маҳсулот ва хизматрасонї ба талаботи муќарраргардида;
      -  гузаронидани экспертизаи стандартҳои миллї, байнидавлатї ва дигар ҳуљљатҳои меъёрии техникии соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла;
       - пешгирї ва муайянкунии сабабҳои риоя накардани талаботи регламентҳои техникї ва дигар ҳуљљатҳои меъёри техникї;

       - баланд бардоштани сифат ва бехатарии маҳсулот;

        - баррасї намудани арзу шикоятҳои шаҳрвандон;

        - пешбурди коргузорї дар Нозироти пахта.

Бо маќсади иљрои ваколатҳои пешбинишуда Нозироти пахта вазифаҳои зеринро иљро менамояд:

  • Таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани наќшаҳои корї оид ба гузаронидани назорати давлатї;                     
  • гузаронидани назорати давлатї оид ба риояи талаботҳои регламентҳои техникї ва ҳуљљатҳои меъёрии техникї, шартҳои техникӣ, меъёр-намунаҳо, дастурамалҳоитехнологӣ, ќоидаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии технологӣ дар ҳамаи марҳилаҳои љараёни истеҳсоли маҳсулоти пахта ва пилла;
  • иштирок дар корҳои ваколатдиҳї ва ташхисҳо дар доираи ваколатҳои додашуда;
  • гузаронидани ташхисҳои сертификатсионї ва ҳакамии (арбитражї) маҳсулоти пахта ва пилла;
  • ташкил, банаќшагирӣ ва мутобиқкунонии корҳо оид ба стандартикунонии маҳсулоти пахта ва пилла;
  • омодасозии маводҳоиилмӣ-техникӣ, тарҳрезии корхонаҳои коркарди аввалияи пахта тибќи дархост;
  • иштирок дар таҳия ва тадбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи пахтакорӣ ва пиллапарварӣ;
  • тайёр намудани эталон-намунаҳои маҳсулоти пахта ва пилла;

таҳияи ҳисоботҳо оид ба фаъолияти Нозироти пахта ва сохторҳои тобеъион;

  • расонидани кўмаки методї ба марказҳои зертобеъи Агентии Тољикстандарт;
  •  амалї намудани кўмаки методї ба субъектҳои хољагидор дар соҳаи стандартонї, сертификатсияи маҳсулоти пахта ва пилла;
    бо маќсади самаранокии корҳо оид ба огоҳкунї ва пешгирии ҳуќуќвайронкунї дар соҳаи стандартонї ва баҳодиҳии мутобиқати маҳсулоти пахта ва пилла Нозироти пахта метавонад бодигар маќомоти ҳифзиҳуќуќ, иљроияи ҳокимияти давлатї ва ташкилотҳои љамъиятї тибќи ќонунгузории Љумҳурии Тољикистон ҳамкорї намояд.

 

Ҳуќуќҳо

  • Нозироти пахта дар доираи салоҳияти худ ҳуќуќҳои зеринро дорад:
    иштирок дар татбиќи сиёсати давлатї дар соҳаи назорати давлатии риояи талаботҳои ќонунҳои соҳави ва ҳуљљатҳои меъёрии техникии маҳсулоти пахта ва пилла намояд;
  • иљроиши талаботи регламентҳои техникї ва ҳуљљатҳои меъёрии техникиро дар соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилла назорат намояд;

бо сертификати мутобиќат таъмин будани маҳсулоти субъектҳои хољагидор ва дурустии онро назорат намояд;

  • экспертизаи ҳуљљатҳои меъёрии техникии оид ба стандартонии соҳаи коркарди аввалияи пахта ва пилларо гузаронад;

доир ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба регламентҳои техникї ва дигар ҳуљљатҳои меъёрии соҳавї пешниҳод намояд;

  • чораҳои муќаррарнамудаи ќонунгузориро нисбат ба субъектҳои назорати давлатї љиҳати огоҳкунї ва пешгирии вайронкунии талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуќуќї, ќоида ва тартиби сертификатсияи маҳсулот татбиќ намояд;
  • аз субъекҳое, ки ба ќабул, захира, коркарди пахта ва пилла, интиќол, фуруш, содироти маҳсулоти пахта ва пилла машѓуланд, новобаста аз шакли моликияташон боздид ба амал оварда, санљиш гузаронида санад тартиб диҳад;
  • ҳангоми ошкор намудани ќоида вайронкуниҳо, ҳолатҳои риоя накардани талаботи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникї, фиреби истеъмолкунандагон,  истеҳсоли маҳсулоти пастсифат, фуруши маҳсулоти пештар манъшуда бе гузаронидани санљиши такрорї амрияҳои дахлдори хаттӣ диҳад;
  • барои муайян намудани баромади маҳсулоти пахта тибќи тартиби муќаррар гардида коркарди назоратии миқдори муқоисавии пахтаро гузаронад;
    оиди ба ҷавобгирї кашидани субъектҳои назорати давлатї, ки ба ќоидавайронкунї роҳ доданд, инчунин љиҳати андешидани чораҳои пешгирии истеҳсоли маҳсулоти паст сифат ва талафёбии маҳсулоти пахтаву пилла ба мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳаллї ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодот ирсол намояд;

истеҳсол, фурўш, интиќол, нигоҳдорї ва истифодаи маҳсулоти ба талаботи санад ва ҳуљљатҳои меъёрии техникї љавобгў набударо манъ менамояд;

  • дар ҳолати аз тарафи субъекти хољагидор риоя нагардидани талаботи санад ва ҳуљљатҳои меъёрии техникї тибќи тартиби муќарраргардида парвандаҳои ҳуќуќвайронкунии маъмурї тартиб диҳад;
  • ба Сарнозири давлатии Љумҳурии Тољикистон оид ба риояи талаботҳои стандартҳо, воситаҳои ченак ва ќоидаҳои савдо санад ва маводҳои ба он вобастаро барои ќабули ќарор пешниҳод намояд;
  • тибќи тартиби муқарраргардида аз мақомотиомор, вазорату идораҳои дахлдор оид ба ќабул, захира, коркарди
    пахтава интиќол, фуруш, содироти маҳсулоти пахта ва пилла маълумот даст раснамояд;
  • дар доираи салоҳияти худ Агентии Тољикстандартро дар кумитаҳои соҳавии техникї намояндагї кунад;

доир ба баланд бардоштани малакаи корї, дараљаи тахассусии кормандони Нозироти пахта чорабиниҳои зарурї гузаронад;
мутобиќи ќонунгузории Љумҳурии Тољикистон мурољиату шикоятҳои шаҳрвандонро нисбати вайрон гардидани ҳуќуќҳои истеъмолиашон баррасї намояд.

барои гузаронидани ташхис ва санҷиш љиҳати баҳодиҳии сифат ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникї аз субектҳои хољагидор новобаста аз шакли моликияташон намунаҳои маҳсулотро гирад.

 

Тамос

Муовини директор

Вализода Икромиддин Сирољиддин

Тел: (+99237)2336175

Сардори Нозироти пахта

Сафарзода Мансур Хуљавалї

Тел: (+992 37) 233-49-67


Е-mail: smansur78@mail.ru

 

Такмилдиҳии истеҳсол, интихоби равиши коркарди  пахта  ва  баланд  бардоштани сифати маҳсулоти он.

         Пахта ашёи хоми пурќиматест. ки барои истењсоли мањсулотњои  саноатї ва молњои ниёзи мардум истифода мешавад.

        Пахтакорї на танњо манбаи асосии даромади хољагињои кишоварзии мамлакат ба њисоб меравад, балки ба мењнати фоиданоки љамъиятї бештар љалб кардани ањолии ќобили мењнат, кам кардани сатњи камбизоатї дар дењот, бењтар намудани шароити зисти кишоварзон мусоидат мекунад.

         Соњаи пахтакорї дар оянда низ бояд њамчун соњаи муњими стратегии кишоварзии мамлакат барќарор бимонад. Дар љумњурї бояд ба низоми нави пахтакорї машѓул шуда бо њарољоти кам,  самаранок истифода бурдани замин,  риояи оќилонаи агротехникаи парвариш ва  истифода аз омилњои кимиёиву техникї, рушди устуворї минбаъдаи соња таъмин карда шавад. Азбаски мамлакати мо камзамин аст сањми худро оиди баланд бардоштани њосилнокии пахта гузорем. Ҳосилнокии пахта чи тавре, ки олимон муайян карданд ба сермаҳсулии навъ, сифати тухмӣ, ҳосилхезии хоқ, тарзи истифодаи агротехника ва омили инсонӣ, яъне дониши ҷараёни рушди пахта ва ташкили моҳиронаи кор вобаста мебошад. Ин омилҳо бевосита ба сифат ва  ҳосилнокии пахта вобастагї дорад. Њар як омилро пурра таҳлил намоем хоку об ва олимону агрономҳо дорем, ҳоло ягона камбудӣ дар тайёр намудани чигити тухмӣ, яъне ба сермаҳсулии навъи ва сифати тухмӣ аҳамияти ҳаматарафа додан лозим.      

         Дар амал тадбиқ намудани дастури Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати куллан беҳтар кардани тухмипарварии соҳаи пахтакорӣ ва таъмин кардани хоҷагиҳо бо тухмии  ба талаботҳои стандарт мутобиқ,  вазифаи ҳар як шахси вазифадор ва ҳар фарди аз рӯйи ин соҳа рӯзӣ меёфтагӣ вобаста аст.

       Дар солҳои охир ҳосилнокии пахта дар аксарияти ноҳияҳо паст шудааст. Дар ин камбудї кори ғайри қаноатбахши соҳаи тухмипарварӣ сар карда аз хоҷагиҳои селексионию тухмипарварӣ ва дар охир корхонаҳои коркарди аввалияи пахта мебошад. Наандешидани чораҳои зарурӣ  оиди парвариш, захира, нигоҳдорӣ ва коркарди пахтаи тухмӣ  ба он оварда расонд, ки сифати чигити тухмӣ аз байн рафт  ва тайёр намудани  чигити тухмӣ аз чигити техникӣ сар шуд.     Таҳлилҳо нишон доданд , ки аз чигити тухмӣ бо тариқи нуқта ба нуқта киштшуда то 60-70 сентнер аз як гектар ҳосил ғундоштанд ва баромади нахи он то 40 фоизро ташкил дод. Базе хоҷагиҳо дар он ақидаанд, ки бо тариқи кимёвӣ  ҳосилнокиро баланд мебардоранд,  аммо дар амал  ин тасдиқ нагардид. Тадқиқотҳои ҷаҳонӣ нишон дод ва тасдиқ кард, ки ҳосилнокии баланди пахта, аз ҳисоби мукамалгардонии корҳои селексионию тухмипарварӣ, дар истеҳсолот ҷори намудани навъҳои серҳосил, тезпаз,  ба касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон тобовар мебошад.  Бо мақсади кишт чигити тухмиеро, ки дорои нешзанӣ ва энергияи баланди инкишофёбӣ буда, аз рӯйи  андоза ва тозагии навъ якхелла мебошанд, истифода бояд кард.

       Омили дигари зиёд намудани истењсоли пахта ин дуруст омўхтани хусусиятњои навъњои пахтаи дар љумњурї, ки аз тарафи сохторњои дахлдори давлатї ноњиябандишуда ба њисоб меравад. Њоло дар љумњурї навъњои гуногуни пахта, ки аз тарафи олимони ватанї ва њориљї ихтироъ шудаанд, вобаста ба хусусияти табиии минтаќањои љумњурї ноњиябандї гардида, парвариш карда шуда истодааст. Омўзиш ва тањлилњо нишон дод, ки субъектњои истењсолкунандагони пахта мехоњанд навъеро парвариш кунанд, ки њарчи бештар аз як гектар њосили зиёд гиранд,  давраи нашъунамои он кўтоњ ва сифати коркарди он хуб бошад.  Дар ваќти парвариши пахта онњо ба љињатњои сифатии он: (тип) хели нах, дарозии нах, баромади нах, ќувваи кандашавии он, нишондињандаи микронейр ва тозагии нах аз рўи зоњирї диќќати зарурї дињанд.  Нишондињандањои асосї ба нархи фурўши мањсулоти тайёр таъсир мерасонанд. Илова бар ин, сариваќт ба нињолњо расондани обу ѓизо, нуќта ба нуќта монондани нињолњо (ягонакунї) ва ѓайра метавонад ба вазни хоси пахтаи як кўрак, ќувваи кандашавии нах, дарозии  нах ва нишондињандаи микронейр таъсир расонад. Сари ин масъала бояд таваљўњ зоњир кард, ки  ба истењсоли навъњои селексионии дарознах рў оварем.

Ваќте, ки субъектњои истењсолкунанда бо чи азоб пахтаро истењсол мекунад, љамъ  меоварад ва бояд онро фурушад, ки фоидаи иловагї гиранд. Фурўши ашъёи хом дар шароити имрўза бо тариќи шартномавї амалї карда мешавад. Аз ин лињоз, барои бастани шартнома субъектњои истењсолкунанда њар як банди шартномаро њаматарафа омўхта аввал ба навъњои селексионї, хел (тип), баромади мањсулоти тайёр, нархи мањсулотњои тайёр дар бозор,   сифат бо назардошти пардохт ва таҳфифҳо ањамият дињад. Дуюм ба сарфњои кардаи худ нисбат ба њар як гектар, таќсим ва муќоиса карда нархи  фурўшро муайян намояд.

Субъектњои истењсолкунандагоне, ки мањсулоти худро барои коркард ба корхонањои пахтатозакунї месупоранд барои бастани шартнома њаматарафа омўхта, талаботҳои стандарт ва меёрҳои тасдиқгардидаро ба иноюат гирифта, ҳисобу китоб аз рӯй  мувозинатии коркарди пахтав ва ҳақи хизматрасониро дар асоси калкулятсия  бо баҳисобгирии самаранокї ба роҳ монанд.       

 Корхонаҳои пахтатозакунӣ бояд ҷорӣ намудани техникаи нав, баланд бардоштани иќтидори корхона, пастшавии талафоти ашёи хом дар истеҳсолот, сарфаи захираҳои маводию энергетикӣ, камшавии хароҷотҳои меҳнатию истифодабариро таъмин  ва мањсулоти тайёрро  бо сифати аъло истењсол намоянд.

Қисми зиёди корхонаҳои пахтатозакунӣ дуруст дарк намуда, тамоми пахтаи захирашударо дар мавсим коркард менамоянд. Аммо дар як қисми онҳо бо сабабҳои объектвӣ ва субъективӣ ин кор хуб ба роҳ монда нашудааст, ки он ба пастравии самаранокии иқтисодӣ ва даромаднокӣ оварда мерасонад.Дараҷаи сифатнокии захира намудани ашёи хом на ҳама вақт ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Аз ин рӯ, барои коркарди сармараноки он  мушкилиҳо  ба миён меояд, ки ин хароҷоти иловагиро талаб менамояд. Ҳатто дар бисёр мавридҳо пахта хело ифлос ва намнок қабул карда мешавад, ки ин ба меъёрҳои талаботи техникию стандартӣ ҷавобгӯ нест. Субъектҳаи коркардкунандаро зарур аст, ки ба масъалаи тоза ва хушк қабул намудани ашёи хом аҳамияти махсус диҳанд, ва ҳар як навъи селексиониро алоҳида захира намоянд. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи  субъектҳаи коркардкунанда имрӯз аз он иборат аст, ки дар вақти бастани шартнома бо субъектњои истењсолкунанда ба ин масъала таваҷҷӯҳ намоянд.

Тадқиқотњо  нишон доданд, ки дар вобастаги аз намуди чиниш ва  хусусиятиҳои пахта, дастгоҳҳои тозакунӣ дар минтақаи сехи тозакунию, хушккунӣ бояд тағйир ёфтан гиранд, яъне дар як маврид аз нуқтаи назари технологӣ аввал истифодаи дастгоҳҳои тозакунӣ ифлосии хурд дуруст бошаду, дар мавриди дигар дастгоҳҳои тозакунандаи ифлосиҳои калон. Миқдор ва пуркунии дастгоҳҳоро аз рўи хусусиятҳои пахта тағйир додан лозим аст.                              

Субъектњои истењсолкунандагони пахта, ки  самти зиёд намудани истеҳсоли пахтаи дарознахро зарур мешуморанд ба маќомотњои болои лозим  меояд  фуруши нахи онро дар асоси градатсияи Стандартҳои байналмилалӣ ба роњ монанд. Дар ин сурат дар дохили худи Градатсия тахфифҳои гуногун (скидки) ва замшавиҳои гуногун (надбавок) истифода шуда, ҳуҷҷате омода карда шавад, ки нишондињандањои сифати маҳсулоти пахтаро воқеъбинона баҳогузорӣ намояд. Субъектњои коркардкунандагони пахтаи дарознахро лозим меояд, ки шароити мусоид барои хизматрасонї муњайё созанд. Хизматрасонии корхонањои пахтатозакунї аз ќабул, захира, нигоњдорї, хушккунї, тозакунї, нахљудокунї, пресскунї ва ѓайрањо иборат аст. Нахҷудокунї  яке аз просесњои асосї ба њисоб рафта бо воситаи нахҷудокунандаҳои аррагӣ ва навардӣ, дар гузариши якхелаи пайдарҳам иҷро мегарданд. Дар нахҷудокунандаи наварди шароити доштани маҳали нах бо узви корї нест ва он бо ҷуфти устувонаи  корї ва теѓ ба амал меояд. Дар ин ҳолат, нуқтаи доштани нах харакатнок  буда қад-қади нах то минтақаи аз ҳама зиёд ба чигит наздик мегузарад, ки он  ба андозаи чигит, ғафсии нуги теғ ва сатҳи устувонаи корӣ  маҳдуд аст.

Раванди нахҷудокунии навардї дар асл барои коркарди пахтаҳои дарознах   муайян шудааст, ки ба бехтарин  навъҳои миёнанах низ  мувофиқат  мекунад.  Ин амал метавонад ба зиёдшавии дарозӣ ва баромади  нах   мусоидат кунад.

Бешубҳа раванди нав ва сифати аввалаи пахта, тартиби кори нахҷудокунандаро тағйир медиҳад ва мукаммалгардонии сохти онро талаб менамояд. Нишондиҳандаҳои беҳтаршавии технологии нахҷудокунандаи навардиро ба эътибор гирифта, метавон пахтаи навъҳои миёнанахро низ дар он коркард кард.  Ин амал дар коркарди пахтаи навъҳои селексионии НС-60, Меҳргон ва Сорбон, ки  дар корхонаҳои пахтатозакунии ҶСК «Исоев» ноҳияи Љ.Балхї ҶСК «Дусти» ноҳияи Љайњун, оѓоз шуда буд. Солњои охир бо пешнињоди мо  ин раванд дар  ЉДММ «20 солагии Истиќлолият» -и ноњияи Љ. Расулов, ЉДММ «Доган» ш. Конибодом, ЉДММ «25 солагии Истиќлолият»-и н. Спитамен ва ЉДММ «Элит Коттон»-и н. Љ. Балхї идома ёфта истодааст. Ин  раванд  ба дарозї, сифат ва намноккунии нах  таъсири мусбї расонида метавонад. Дар вақти коркарди пахтаи навъи селексияи НС-60 дар дастгоҳои наварди аз  (тип) хели IV ба хели III мегузарад. Яъне дар коркарди аррагӣ дарозии нах то ба 34 мм    ва  дар коркарди навардӣ ба 35,5 мм баробар  мешавад.

Баромади нах ва сифати мањсулот низ дар ин корхонањо зиёд шуда истодааст. Харидорон низ ба  нахи дар дастгоњњои навардї коркард карда шуда таваљуњи зиёд доранд ва дар бозори љањонї нархи онро баланд мебардоранд.

 Барои пешравии кори соња корхонаҳои пахтатозакуниро лозим аст, ки низоми идоракунии сифатро ба роњ монанд. Аз тарафи дигар бартарии ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат имконият медиҳад, ки воситаҳои молиявӣ (маблағ) сариштакорона ва оқилона истифода бурда шавад. Њамоҳангсозии фаъолияти ташкилотро байни роҳбарият ва дигар зинаҳо, ҳамчунин тақсимоти дурусти масъулият ва вазифаҳоро байни кормандон дуруст ба роҳ монда, муҳити хуби корӣ ташкил карда шавад.  Ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои  корбарӣ, муайян ва бартараф намудани камбудию нуқсонҳо, самаранок истифода бурдани ашёи хом ва дигар чорабиниҳо дар ин самт мавқеи корхонаро дар бозори дохила ва хориҷа мустаҳкам мекунад.  Чунин муносибат ба истеҳсолот ва сифатнокии маҳсулот иқтидори содиротии корхонаро зиёд мегардонад.

   Дар натиҷаи татбиқ намудани низоми идоракунии сифат,  раванди истеҳсолот, аз рӯи маълумотҳои мутахассисони соҳа фоидаи иқтисодии корхона 2-3 маротиба афзун гардида, истифодаи оқилонаи захираҳои иқтисодӣ ба роҳ  монда мешавад ва ин омилҳо ба кам гардидани харҷи иловагӣ мусоидат мекунад. Барои расидан ба ин нишондиҳандаҳо, пеш аз ҳама роҳбарон ва мутахассисони корхонаву ширкатҳо бояд якчанд зинаи татбиқи системаи менеҷменти сифатро гузаранд.  Самаранокии иқтисодӣ, бартарии ин системаи нав, мақсаду моҳияти он, омилҳо ва роҳҳои асосии инкишофи истеҳсолотро омўзанд. Тиҷорат дар шароити имрӯза бе омўзиши стандартҳои системаи менеҷменти сифат ва дигар талаботҳои стандарт амали карда намешавад. Дар амалӣ гардидани низоми идоракунии сифат пеш аз ҳама мавқеи роҳбарони корхонаву ташкилот хеле муҳим мебошад.

Агар роҳбар хислатҳои меҳнатдӯстӣ, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ, ташаббускорӣ, қавииродагиро доро бошаду қобилияти ташкилотчигӣ, эҷодкориву навоварии мутахассисони худро дида тавонад ва онҳоро ҳавасманд гардонад дар ин самт ба комёбиҳо ноил мегардад.

Имрӯзҳо атрофи масъалаи мазкур андешаву нофаҳмиҳо зиёд аст. Муҳим будани моҳияту самаранокии низоми идоракунии сифатро аксарияти роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорон дарк накардаанд.

Субъектњои, ки маҳсулотҳои гуногуни ниёзи мардумро истеҳсол мекунанд ва ё бо хизматрасонӣ машғуланд, роҳбарию коргузории худро мувофиқи талаботи замон  дар асоси стандартҳои байналмиллалӣ , ба хусус низоми идоракунии сифат ба роҳ монанд.

 Мақсади асосї ин пеш аз ҳама ба рушди соҳибкории ватанӣ, амалӣ намудани низоми танзими техникӣ, азнавсозии истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияи пешқадами замонавӣ ва системаи менеҷменти сифат дар корхонаву ташкилотҳо мебошад.  Имрўзњо нахи истењсолкарда дар дохили кишвар коркард , корхонањои хурди бофандагию дўзандагї бунёд  ва халќ бо љои кори доимї таъмин шуда истодааст. Дар ин замина сифати маҳсулоти истеҳсоли ватаниро  ба талаботи стандартҳо  мутобиқ гардонида,  талаботи бозори ҷаҳонии имрӯзаро  ба менеҷементи сифат ё ба истилоҳи дигар низоми раҳбарӣ ва идоракунии оқилонаи корхонаҳои хурду бузург дар самти баланд бардоштани масъулияти мутахассисон, ҳамоҳангсозии вазифаҳо, фаъолияти онҳо, ҳамчунин сифатнокӣ.  рақобатпазирии маҳсулот дар мадди аввал гузошта шавад

Дар баробари гузаштани мутахассисону соҳибкорон аз курсҳои махсуси омӯзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, рӯ ҷониби сифат овардани истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи ватанӣ,  моро ба низоми идоракунии сифат наздик мегардонад.

         Аз ин нигоҳ  ба маънои том рӯ ҷониби сифат оварда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо молу маҳсулоти рақобатпазир, ташхиси босифат, кору хизматрасонии бехтарин муаррифӣ намоем.

                                                                    Муовини Сардори Нозироти пахта

                                                                     Мирзоализода Ќурбоналї

 

 

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...