Сафарҳои хориҷӣ

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ НЮ - ЙОРК

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба шаҳри Ню - Йорк сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Мулоқот бо роҳбарияти ширкати “Боинг”
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намояндагони ширкати “Боинг” - ро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд бо ин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, мусофиркашонӣ, беҳбудии парки нақлиётӣ дар Тоҷикистон ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои мусофиркашонии ҳавоӣ, табодули андеша карда шуд.
Тавре маълум аст, якчанд ширкати Тоҷикистон, ба хусус Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз тайёраҳои муосири “Боинг” истифода мебаранд.
Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои дар амал татбиқ кардани нақшаву ниятҳо баҳри беҳсозии сатҳи хизматрасонии мусофиркашонӣ ва дигар ҳадафҳо дар ин самт мусоидат мекунад.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш
21 март дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Антониу Гутерреш барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои марбут ба оби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид миннатдорӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки даҳсолаи “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об ва пешбарии ҳадафи шашуми рушди устувори марбут ба он дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба татбиқи Рӯзномаи 2030, ислоҳоти низоми Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои сулҳу амният, низоми рушд ва мудирият, инчунин, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳиягардида ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд, баррасӣ карда шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар доираи роҳандозии рӯзномаи оби Созмони Милал, 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор менамояд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин, “Энергияи устувор барои ҳама” муҳокима карда шуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш нақши пешсаф ва пешвоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар масоили обӣ, пешбурди муваффақонаи рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва пешгирии ангезиши падидаҳои он дар минтақа ва фаротар аз он зикр намуд.
Дар пуштибонии ақидаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш пайвасти зичи масоили обу энергетикаро ба  таври возеҳ таъкид намуд.
Ӯ иброз дошт, ки пешгирии зуҳуроти тағйирёбии иқлим ин тавлиди энергияи аз манбаъҳои таҷдидшаванда ва ё барқароршаванда мебошад, ки захираву иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он боиси қобили мулоҳиза аст.
Вобаста ба андешидани тадбирҳои муштарак баҳри аз байн бурдани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили терроризму экстремизм, Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии зиддимухаддиротии худ ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд 3-4 майи соли ҷорӣ дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ баргузор менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб баҳри ёриву дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Антониу Гутерреш ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои густурда бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар пешгирии терроризм изҳори сипос намуд.
Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи мо - Афғонистон, саҳми Тоҷикистон дар барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон тавассути пайваст намудани шоҳроҳҳои нақлиётии ду кишвар, бунёди “пули энергетикӣ”-и CASA-1000 ва дигар тадбирҳо табодули андеша сурат гирифт.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш таъкид кард, ки “ман нигаронии Шуморо дар бораи дурнамои вазъи Афғонистон, ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон дар мубориза алайҳи ҷангҷӯён, пешгирии терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва харидуфурӯши одамон хуб дарк менамоям”.

Иштирок дар маросими имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб
22 март дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.
Дар маросими имзои ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Мигел де Серпа Суарес ҳамроҳӣ намуд.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлат тарафдорӣ ёфтан, ҳукми қонунӣ гирифт. 
Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 175 давлат ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии конвенсия мебошанд. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки ба шарофати сиёсати дарҳои кушода ва талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла СММ, гардидааст.
Бо ин Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ҳамчун узви фаъол саҳми муносиб ва пешоҳанг дорад.

Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
22 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд.
Дар иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш, ноиби президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони махсуси кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд.
Дар оғоз ноиби президенти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал оид ба ҳадафҳои ин ҳамоиши сатҳи баланд ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.
Дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури хеш Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро расман оғоз бахшиданд. Инак, шурӯъ аз ҳамин рӯз татбиқи ташаббуси дигари Тоҷикистон дар тамоми сайёра оғоз гардид.
Дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, инчунин, дигар коршиносон, шаҳрвандони як қатор кишварҳо баромад карда, ба иқдоми эълони Даҳсолаи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳам чун ташаббусҳои қаблӣ ба нафъи аҳли башар равона гардидааст, баҳои баланд доданд.

Мулоқот бо раиси ниҳоди “СММ-Об”, президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо
Нимаи дуюми рӯзи 22 март дар шаҳри Ню - Йорк дар ҳошияи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ниҳоди “СММ-Об”, президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо барои ба вазифаи раиси ниҳоди “СММ-Об” таъйин шуданашон табрик намуданд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд аҳамияти об - захираи муҳими инсониро барои рушди соҳаҳои гуногуни кишварҳо ва ҳифзи онро барои наслҳои оянда хуб дарк намоем ва Тоҷикистон кишвари фаъол дар пешбурди масъалаҳои об ва муаллифи аксари ташаббусҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад.
Раиси ниҳоди “СММ-Об”, президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо дар навбати худ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвари ташаббускору пешоҳанг дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, заҳматҳои хастанопазир ва талошҳояшон баҳои баланд дода, нақш ва ҳузури Сарвари давлатро дар оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳалкунанда номид.
Ҷонибҳо эълон намудани соли 2003 - Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”-ро аз тарафи Тоҷикистон аз ҷумлаи ташаббусҳои бобарор арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсола аз рушди устувор, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо иборат мебошад ва бо итминон метавон гуфт, ки ин Даҳсола низ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раиси ниҳоди “СММ-Об”, президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»” даъват ба амал оварданд.
Бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷилберт Хунгбо омодагии худро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” иброз дошт.

Чорабинии Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми Рушди Устувор”
22 март дар ҳошияи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми Рушди Устувор” иштирок ва суханронӣ карданд.
 Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони ҳамоиши мазкур изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи  тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки гидроэнергетика омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя,  дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад.
Таъкид гардид, ки азхудкунии муштараки ин иқтидори азим метавонад ба ҳалли фарогири як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Осиёи Марказӣ мусоидат намояд. Аз ҷумла, ин тадбир дар навбати аввал ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об  дар обанборҳо, ҳамчунин, ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат мекунад. Дуюм, баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва ҳамзамон барои татбиқи Ҳадафи ҳафтуми Рушди Устувор мусоидат сурат гирад. Дар ниҳоят, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, инчунин, ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки чорабинии имрӯза дар мавриди муҳокимаи вобастагии мутақобил байни захираҳои об ва энергетикӣ, инчунин, барои таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи фарогир, оқилона ва устувори захираҳои табиӣ, саҳми иловагии худро хоҳад гузошт.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ниҳоди  «СММ-Об», ЮНИСЕФ ва дигарон баромад карда, ҳалли мушкилоти обро аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд ва ба ҷониби Тоҷикистон барои пешниҳоди тадбири навбатӣ баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд доданд.


Чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню - Йорк дар ҳошияи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз анҷоми муваффақонаи муколамаи нахустин бахшида ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” қаноатмандию нишоти худро иброз доштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки мо бояд ҳамеша саъю талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об ҷоннок намоем.
Аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ изҳори нигаронию ташвиш намуда, Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч, ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд. Дар ҳодисаҳои табиӣ талафоти ҷонию молӣ ва иқтисодӣ ба мушоҳида мерасанд, ки бисёр нигаронкунанда мебошад.
Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар, зоҳир мегардад. Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст. Коҳишёбии босуръати масоҳати пиряхҳои минтақа, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, муҳимияти чунин стратегияро таъкид менамояд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳими рушди устувор ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилоту созмонҳои бонуфуз ва коршиносон барои ҳамкории пурсамар бо Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳои кишвари мо изҳори сипос карданд.
Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ
22 март дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом доданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра Созмони Милали Мутттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рӯзмарраи СММ ва ниҳодҳои он, инчунин, ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ, мавод пахш менамояд.
Зимни мусоҳиба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои асосии эълони ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, натиҷаҳои бобарору муваффақи ташаббусҳои қаблии кишвари мо, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва санитарӣ равон гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки таҷрибаи қаблӣ исбот кард, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд.
Дар ҷараёни суҳбат хабарнигорони телевизиони СММ, ҳамчунин, оид ба талошҳову ташаббусҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият, инчунин, сиёсати дарҳои кушодаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Нашри мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаи “Нигориши СММ” 
Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.
Дар ин мақола Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи  байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд.
Боиси хушнудии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми арзандае гузоштааст.
Мавриди зикри хос аст, ки аз соли 2000 то 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 лоиҳаро оид ба об қабул кард. Дар байни онҳо “Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад.
Мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаи иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об, беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.
Ҳамчунин, дар ин мақола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштироки фаъолона дар пешбурди минбаъдаи ҳалли масъалаҳои об омодагӣ ва мавқеи тағйирнопазири ҷониби Тоҷикистонро баён намуданд.