Раёсати корҳо ва ҳуқуқ

Раёсати корњо ва њуќуќ

Раёсати корњо ва њуќуќ яке аз сохторњои таркибии дастгоњи марказии Агентии  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон буда, бевосита ба директори Агентии Тољикстандарт тобеъ ва њисоботдињанда мебошад.

Раёсат дар асоси Конститутсия Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумхурии Тољикистон, фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Тољикистон онњоро эътироф намудааст инчунин санадњои меъёрии њуќуќии соњаи хизмати давлатї фаъолияти худро ба роњ мемонад.

Самти дигари фаъолияти Раёсат ин пешбурди хизматрасонињои  хољагї љињати гузаронидани љаласањо, конфронсњо, семинарњо ва дигар чорабинињое, ки дар Агентии Тољикстандарт баргузор мегарданд, ба њисоб рафта, инчунин гузаронидани корњои ободонї, кабудизоркунї ва ба тартиб даровардани њудуди корхона, ороиш додани сањни бино ва сохтмонњои љориро дар доираи салоњияти худ анљом медињад.

Ташкил ва назорати низоми амният дар биноҳое, ки аз ҷониби Агентї истифода мешаванд ба зиммаи Раёсат буда, мунтазам оид ба  вазъи њолатњои бехатарї ва дар сатњи хуб ќарор доштани амнияти онњо чораандешї менамояд.

Раёсати корњо ва њуќуќ дар доираи салоњияти хизматї ба ќабул ва љобаљогузории мењмонон, ки бо сафари хизматї ба Агентии Тољикстандарт ташриф меоранд, инчунин ба роњ мондани хизматрасонї дар зерсохторњои Агентии Тољикстандартро назорат мебарад.

Дар сохтори Раёсати корњо ва њуќуќ шуъбањои зерин фаъолият намуда, дар пешбурди кори дастгоњи марказии Агентї наќши муњим мебозанд:

  1. Шуъбаи кадрњо;
  2. Шуъбаи таъминоти њуќуќї;
  3. Шуъбаи муњосибот ва бањисобгирї;
  4. Шуъбаи иќтисод ва банаќшагирї;
  5. Шуъбаи умумї ва назорат;
  6. Шуъбаи матбуот;
  7. Шуъбаи робитањои байналмилалї ва иттилоотонї;
  8. Шуъбаи истифодабарии техникї, ошхона, ва гаражи автомобилњо.

 

Назорат ва иљрои корњои иљрошуда аз љониби Раёсати корњо ва њуќуќ дар семоњаи аввали соли 2018 доир ба корњои ободонї, кабудизоркунї,  бунёди гулгаштњо ва сохтмони майдончањои варзишї

Тибќи муќаррароти Наќшаи чорабинињо оид ба амалї намудани корњои ободонї, кабудизоркунї, бунёди гулгаштњо ва сохтмони майдончањои варзишї дар њудуди шањри Душанбе, ки бо фармоиши Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф тасдиќ шудааст,  аз тарафи Агентии Тољикстандат тибќи лоиња корњои сохтмонї дар майдончаи варзишии воќеъ дар хиёбони Борбад, шањраки 62, назди биноњои 82, 84 ва 86 идома доранд.

Аз љумла, њудуди майдони пешнињодшуда пурра њамвор гардида, дар гирду атрофи майдончаи варзишї кандани гузаргоњњои хати симноќилњо ва зери хок намудани симноќилњои хати баландшиддати интиќоли барќ амалї карда шуда, бетонрезии зердевори гирду атрофи майдончаи варзишї ба итмом расонида шуд.

Илова бар ин, сутунњои атрофи майдонча насб гардида, дохили майдончаи варзишї ва таваќќуфгоњи  назди бино пурра бетонрезї карда шудааст.

Њамзамон, дар њудуди умумии майдони вобасташуда барои сохтмон новањои обгузари бетонї насб гардида, њамворкунии мавзеъњои кабудизоршаванда, инчунин корњои сохтмонї бо сангњои каноравї дар роњравњои гирду атрофи майдончаи варзишї ва майдончањо барои бозии кўдакон амалї шуда истодааст. Дар ин давра, дар њудуди 500 метри мураббаъ тахтасангњои роњрав насб гардида, дар се ќисмати майдонча корњои кабудизоркунї ба роњ монда шудаанд. Инчунин њудуди майдон барои бозии кўдакон бо панљарањо људо карда шудааст.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар гирду атрофи майдони вобасташуда љињати ба роњ мондани корњои ободонї ва кабудизоркунї дарахтони њамешасабзу сояафкан ва гулњои садбарг шинонида шуда, барои нашъу намои минбаъдаи онњо шахсони масъул таъйин гардидаанд ва ин иќдом минбаъд низ идома дода мешавад.

Бо маќсади дар сатњи баланди ташкилї ва омодагї бањри ба итмом расонидани корњои сохтмонї ва ба роњ мондани корњои ободонию кабудизоркунї бахшида ба таљлили Иди байналмилалии Наврўз дар Агентї наќшаи чорабинињо тањия гардида, иљрои чорабинињои пешбинишуда дар муњлатњои муайянгардида зери назорат ќарор дода шудааст. Тибќи Наќшаи чорабинињо дар рўзњои муќарраршуда бо љалби кормандон шанбегию њашарњо ба роњ монда шуда, корњои ободонї, кабудизоркунию нињолшинонї, тоза намудани љуйборњои обгузар аз партовњо ва ба тартиб даровардани боѓу гулгаштњои гирду атрофи биноњо, шинонидани гулњои ороишї мунтазам амалї карда мешаванд. 

Таљлили Иди байналмилалии Наврўз дар Агентї ва њамаи марказњои зерсохтор бо риояи талаботи ќонунњои амалкунанда ва оинњои суннатї доир карда шуда, дар ин самт аз тарафи Агентї ва марказњои зерсохтори он ба ањолии ниёзманд, ятимон ва маъюбон кўмакњои моддї, ки асосан аз маводи хўрокворї, либос ва кумакпулї иборат буданд, расонида шудаанд.

Љињати татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» комиссияи дохилиидоравї таъсис дода шуда, тибќи наќша бо кормандон корњои фањмондадињї гузаронида шуда, иљрои наќшањо дар ин самт зери назорат ќарор дода шудааст.

Дар самти пешгирии амалњои коррупсионї, дар доираи татбиќи «Стратегияи муќовимат ба коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиќ шудааст, дар Агентии Тољикстандарт Наќшаи чорабинињо барои солњои 2017-2018 тасдиќ карда шудааст.

Дар ин замина  дар моњи январи соли 2018 дар Агентї бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон вохўрии ѓайринаќшавї гузаронида шуда, инчунин сардорони раёсату шуъбањои Дастгоњи марказї ва директорони марказњои зертобеи  Агентї мунтазам бо кормандони худ суњбату машваратњо доир менамоянд.

Инчунин дар Агентї Комиссия оид ба риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатї таъсис дода шудааст ва Комиссияи мазкур назорати риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатиро таъмин менамояд. Њамзамон, љињати татбиќ намудани талаботи Кодекси мазкур аз тарафи сардорони раёсату шуъбањо корњои амалї гузаронида мешавад.

Илова бар ин дар заминаи интихоб ва љобаљогузории кадрњо дар ин давра мутобиќи «Ќоидањои љойивазкунии (ротатсияи) кадрњои роњбарикунандаи хизмати давлатии Љумњурии Тољикистон», ки бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 26 майи соли 2011, №1074 тасдиќ шудааст, 4 нафар кадрњои роњбарикунанда ба љойивазкунї (ротатсия) фаро гирифта шуданд.