511

Ин рақами телефони боварӣ аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус фаъол намуд.

Он  ҳама вақт фаъол буда, аз сокинони мамлакат  хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати мушоҳидаи нишонаҳои вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  хабар диҳанд.

Ҳамчунин,  бо мақсади дар байни аҳолӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи табибони ҷавон» таъсис дода шуд, ки тибқи иттилои расида, 27 март муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода бо аъзои он вохӯрӣ доир намуд.