Гимн
Национальный гимн Республики Таджикистан
- Диёри арҷуманди мо,
- Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
- Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
- Зи дурии замонаҳо расидаем,
- Ба зери парчами ту саф кашидаем,
- кашидаем
-
- Зинда бош эй Ватан,
- Тоҷикистони озоди ман!
-
- Барои нангу номи мо
- Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
- Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
- Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
- Ки мазраи вафо бувад канори ту,
- канори ту
-
- Зинда бош эй Ватан,
- Тоҷикистони озоди ман!
-
- Ту модари ягонаӣ,
- Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
- Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
- Зи ту саодати абад насиби мост,
- Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
- ҳабиби мост,
- Зинда бош эй Ватан,
- Тоҷикистони озоди ман!