Отдел государственного надзора, в агропромышленном комплексе

ШУЪБАИ САНҶИШ ВА НАЗОРАТИ ДАВЛАТЇ ОИД БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТЊОИ ТЕХНИКЇ ВА ЊУЉЉАТЊОИ МЕЪРЇ ТЕХНИКЇ ДАР МАС

СОХТОРИ ШУЪБА

Шуъбаи санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентњои техникї ва њуччатњои меърї техникї дар МАС (минбаъд шуъба) сохтори таркибии раёсати бамеёрдарории техникї ва стандартонии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сохтор ва шумораи кормандони шуъба бо назардошти вазифа ва ваколатҳои дар низомномаи шуъба пешниҳодшуда муайян шуда, аз тарафи директории Тоҷикстандарт тасдиқ карда мешавад.

Самти фаъолият

Шуъба фаъолиятаашро, яъне банақшагирӣ, ташкили корҳо оид ба назорати давлатӣ ва санҷишро дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи бањодињии мутобиќат», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бамеъердарории техникї», «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Тоҷикстандарт, фармоишҳои роҳбарияти Тоҷикстандарт ва низомномаи шуъба ба роҳ мондааст.

Назорати давлатӣ дар тамоми ҷарараёнҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, тайёрии истеҳсолот, истеҳсол намудан, фурӯш (расонидан, фурухтан), истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва несту нобудсозии маҳсулот, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонӣ амалӣ карда мешавад.

Дастовардњо

Бо маќсади баланд бардоштани сифат ва бехатарии мањсулоти ватанї, тањкими истењсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот мутахассисони шуъбаи санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентњои техникї ва њуччатњои меъри- техникї дар МАС тамоми чорањои заруриро андешида мешавад. Аз љумла бо истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї семинарњо, машваратњо оиди талаботи ќонунњои амалкунанда, Регламентњои техникии Чумњурии Тољикистон ва њуљљатњои меъёри-техникї гузаронида шуд. Бо маќсади баланд бардоштани раќобатпазирии мањсулоти хўроквории истењсоли Ватанї дар бозори дохилї ва хориљї соли гузашта озмуни «Мањсулот ва хизматрасонии бењтарини Чумњурии Тољикистон» гузаронида шуда дар он корхонањои истењсоли мањсулоти хўрокворї иштирок намуданд.

Аз тарафи мутахассисони шуъба давоми соли 2016 дар 816 субъекти хољагидор санљишњо гузаронида шуда аз ин шумора дар 70 њолат камбудињо (истењсоли мањсулоти ѓайристандартї, истењсоли мањсулот бе сертификати мутобиќат ва ѓайра) ошкор карда шуд. Нисбати њолатњои ошкоргардида аз тарафи нозирони давлатї санадњо тартиб дода шуда ва амрномањои манъи истењсол ва фурўши мањсулот ва ислоњи камбудињо тартиб дода шуда, инчунин бо маќсади назорат намудан аз болои иљроиши Амрномањои додашуда дар корхонањои мазкур санљишњои такрорї сурат гирифтаанд. Дар давоми соли 2016 дар 28 њолат мањсулотњо бо нишондињондњандањои органолептикї, физикї-химиявї ва микробиологї ѓайристандартї ошкор гардиданд. Дар 26 корхонањои истењсолї риоя нашудани талаботи Регламенти техникии Чумњурии Тољикистон «Тамѓагузории мањсулоти хўрокворї» ошкор гардид. Хамзамон дар рафти санљишњо вайрон намудани шароити нигоњдории ашёи хом ва тайёр, истифодаи маводњои мўњлатаи коршоямиашон гузашта, васли нодурусти пайдарпайии таљњизотњо, риоя нашудани рељаи технологї низ ошкор гардида, вобаста ба камбудињои љойдошта чорањои зарурї андешида шуданд, аз љумла ба 71 субъекти хољагидор мувофиќи талаботи моддањои дахлдори Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии ЉТ ба маблаѓи 34280 сомонї љарима таъин гардида.

ЊАМКОРИЊО

Бо мақсади самаранокии корҳо оид ба огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳа шуъба бо дигар мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Тамос

Муовини директор
Саидзода Каромат Назарї
Тел(+992 37) 233-84-44
Факс(+992 37) 233-44-99
e-mail: info@standard.tj

Сардори раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї
Рањимзода Љурахон Рањмоил
Тел: (+992 37) 233-58-88
Факс(+992 37) 233-44-99
e-mail: jurahon_@mail.ru

Сардори шуъбаи санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентњои техникї ва њуччатњои меърї техникї дар МАС
Султонов Исмоншо Авѓонович
Тел: (+992 37) 233-69-51
Факс(+992 37) 233-44-99
e-mail: ismonsho58@mail.ru

Online-Chat

Добрый день. Онлайн чат работает в рабочее время. Если вы хотите задать вопрос в не рабочее время, то оно обязательно будет рассмотренно в рабочее время и вы получите ответ...